Хабарҳо

slider_img
slider_img

«САЛОМ! МАРКАЗИ ТАМОС ГӮШ МЕКУНАД!» Дар ин ҷо зангҳо ва муроҷиати муштариёнро зеҳни сунъӣ қабул ва тасниф менамояд

Санаи нашр: 16-06-2026 Просмотрено: 3502

КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и  Вазорати нақлиёти ҶТ Маркази байналмилалии тамосро бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар шакли озмоишӣ роҳандозӣ намуд.

Таъсиси Маркази тамос бо рақами кӯтоҳшудаи 8808 раванди гирифтани рухсатномаҳо, роҳхатҳо, борхатҳо ва дархостҳо барои воситаи нақлиётро  ҷиҳати интиқоли бор навсозӣ мекунад.

Дар баробари ин, барои дастгирии истифодабарандагони низомҳои нақлиётӣ,  дар асоси банди 4-и Протоколи вохӯрии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ронандагони самти байналмилалӣ, ки 5 апрели соли 2025 баргузор гардида буд, дар шабакаи иҷтимоии Телеграм чат бо номи «Маркази дастгирии иттилоотии истифодабарандагони низомҳои нақлиётӣ» ва бот (ихтисор аз «робот») бо номи «MintransBot» роҳандозӣ шудааст. 

Маркази байналмилалии тамос дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон дода  шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бо фаъолияти КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» ва Маркази тамоси он шинос шуданд.

28 декабри соли 2024 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ  Сарвари давлат солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуда, 7 самти зарурии фаъолияти вазорату идораҳоро дар тӯли панҷ сол оид ба рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ –  ЗС (Artificial intelligence – AI) номбар намуданд.