Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Вазири роҳҳо ва нақлиёти Муғулистон мулоқот кард

Санаи нашр: 13-06-2026 Просмотрено: 3030

Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 23-юми Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба нақлиёт (КҲН) - и Барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ҲМИОМ; CAREC) дар Улан-Батор қарор дошт, 9 июни соли 2026 дар он ҷо бо Вазири роҳҳо ва нақлиёти Муғулистон Борхуугийн Дэлгэрсайхан мулоқот доир кард.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории  фаъолона миёни кишварҳо дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баён дошта,  инчунин  дар бораи ба сатҳи сифатан нав бароварданми ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ табодули афкор намуданд. Онҳо инчунин масъалаи ташкили ҷараёнҳои нави нақлиётиро барои ба ҳам пайвастани минтақаи Авруосиё баррасӣ карданд.

Солҳои охир Муғулистон муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар самти ҳамкории нақлиётӣ-логистикӣ босуръат густариш медиҳад. Дар мулоқот эълон карда шуд, ки Сардори Идораи роҳи оҳани Муғулистон Б.Артур дар ҷаласаи 53-юми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан (СҲРО) иштирок мекунад. Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур 11-12 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Зимни мулоқот  зикр карда шуд, ки Тоҷикистон ва Муғулистон ният доранд ҳамкориро дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ва автомобилӣ густариш диҳанд ва ба имзои Созишномаи дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар ояндаи наздик омодагӣ мегиранд.

Мулоқот дар фазои  ҳусни тафоҳум ва  созанда  сурат гирифт.