11 июни соли ҷорӣ, дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан (СҲРО), ки дар Душанбе доир гардид, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини Вазири нақлиёти Федератсияи Русия Алексей Шило мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиётро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, ба рушди ҳамлу нақл тавассути нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, мубодилаи рухсатномаҳо миёни ду кишвар барои боркашонии байналмилалии автомобилӣ, густариши долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва логистикӣ, инчунин тақвияти ҳамкориҳо дар самти рақамикунонии соҳаи нақлиёт диққати махсус дода шуд.
Яке аз мавзӯъҳои асосии гуфтушунид татбиқи «Харитаи роҳ» - и ҳамкории нақлиётӣ барои солҳои 2025-2030 буд. Ҷонибҳо дурнамои рушди минбаъдаи инфрасохтори нақлиётӣ ва густариши ҳамлу нақли бор ва мусофирон байни ду кишварро баррасӣ карданд. Тибқи натиҷаҳои соли 2025, ҳаҷми боркашонии тавассути роҳи оҳан байни Тоҷикистон ва Русия 18,1% афзоиш ёфта, аз 2,5 миллион тонна зиёд шудааст. Дар моҳҳои январ-апрели соли 2026 ин нишондиҳанда ба 900,4 ҳазор тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 фоиз зиёд аст.
Ҳамлу нақли мусофирон низ раванди мусбат нишон дод. Ҳаҷми мусофиркашонӣ байни ду кишвар ба андозаи 29,5% афзудааст. Аз 21-уми июн барқарор намудани ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири «Душанбе-Маскав» ба нақша гирифта, шудааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт ва татбиқи нақшаҳои муштараки ҳамкорӣ таъкид намуданд. Аз ҷумла, Русия ба рушди хатсайрҳои алтернативӣ ва мултимодалӣ, инчунин иштирок дар лоиҳаҳои сохтмон ва навсозии инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон мароқ зоҳир кард. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки интиқоли мултимодалӣ байни Русия, Осиёи Марказӣ ва Чин, татбиқи «Харитаи роҳ»-ро тацият бахшанд ва ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш диҳанд.
Мулоқот дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум ва созанда сурат гирифт.