11 июни соли 2026 дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан (СҲРО), ки дар Душанбе доир гардид, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии ТРАСЕКА дар Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии (КД КБҲ) ТРАСЕКА Ҷасурбек Чориев мулоқот кард.
Дар мулоқот инчунин Котиби миллии КД КБҲ ТРАСЕКА оид ба Тоҷикистон Фарида Ёқубзода ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори Вазорати нақлиёти ҶТ ширкат намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот мавзӯҳои вобаста ба рушди ТРАСЕКА ва ташаббусҳои нави КД КБҲ ТРАСЕКА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои такмили инфрасохтори нақлиётӣ, рақамикунонии равандҳои ҳамлу нақл, соддагардонии расмиёти транзитӣ ва ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок диққати махсус дода шуд.
Аз ҷониби Вазири нақлиёти ҶТ зарурияти бақарор намудани таҷрибаи маблағгузории лоиҳаҳои кӯмаки техникӣ барои омода намудани кадрҳо дар соҳаи нақлиёт, рушди логистика ва ҳамкорӣ дар самти рақамикунонии соҳа таъкид карда шуд.
Вазири нақлиёт нақши ТРАСЕКА-ро дар таҳкими ҳамгироии нақлиётии минтақа ва рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ муҳим арзёбӣ намуда, омодагии вазоратро барои идомаи ҳамкориҳои судманд дар доираи ин созмон изҳор дошт.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва созанда сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ТРАСЕКА (Долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё; англ. Transport Corridor Europe-Caucasus-Asia) – барномаи байналмилалӣ буда, моҳи майи соли 1993 тибқи Эъломияи Брюссел таъсис дода шудааст ва 13 кишвар – Арманистон, Булғория, Гурҷистон, Молдова Озарбойҷон, Руминия, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон, Украина, Эрон, Қазоқистон ва Қирғизистонро дар бар мегирад.
Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии (КД КБҲ) ТРАСЕКА моҳи феврали соли 2001 таъсис ёфтааст. Моҳи майи соли 2026 дар ҷаласаи 18-уми он дар шаҳри Остона намояндаи Узбекистон Ҷасурбек Чориев Дабири кулли он интихоб гардид.