Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо намояндагони Кореяи Ҷанубӣ мулоқот кард

Санаи нашр: 11-06-2026 Просмотрено: 3377

10 июн вохурии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сардори бюрои роҳи оҳани Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея (MOLIT) Ким Тебён ва Сардори бахши лоиҳаҳои хориҷии Корпоратсияи миллии роҳи оҳани  ин кишвар (Korea Railroad Corporation) О Бён Ил баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи роҳу нақлиёт ва дурнамои он, аз ҷумла   вобаста ба  татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи роҳу нақлиёт муҳокима  карда шуданд.

Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ҳайати мазкурро хайрамақдам гуфта, барои ҳамкориҳои судманди дуҷониба изҳори  қаноатмандӣ намуд ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати вусъат бахшидани муносибатҳои  дӯстона  бо ҷониби Корея дар ин самт  баён дошт.

Гуфта шуд, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ афзоиш меёбад. Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ айни замон 4 лоиҳаро дар самти роҳу нақлиёт амалӣ менамоянд. Илова ба ин, ҷонибҳо ҷиҳати соли ҷорӣ оғоз намудани татбиқи боз як лоиҳаи нав дар самти рушди нақлиёти ҳушманд дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд.  

Дар мулоқот инчунин омода намудани мутахассисони роҳи оҳан ва метро, такмили ихтисоси кормандони соҳаи роҳи оҳан баррасӣ  гардиданд.

Масъалаи муҳими дигаре, ки мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифт, истифодаи имкониятҳои васеъ дар саммити «Осиёи Марказӣ+Корея» буд, ки моҳи сентябри соли 2026 дар шаҳри Сеули Корея баргузор мегардад. Зикр карда шуд, ки ҳамоиши мазкур метавонад ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам бештар дар ин самт мусоидат намояд.   Пешниҳод гардид, ки дар доираи саммити мазкур  созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Корея  ба имзо расонида шавад.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва созанда сурат гирифт.