Имрӯз роҳбарият ва кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораю муассисаҳои тобеи он бо иштироки Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ҷиҳати арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии фарзандони барӯманди миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад ба оромгоҳи мемориалии «Лучоб»-и шаҳри Душанбе рафтанд.
Намояндагони соҳаи нақлиёт болои хоки мадфани ин чеҳраҳои мондагори миллат гулчанбару гулдастаҳо гузоштанд ва аз заҳматҳои шоиста ва фидокоронаи онҳо дар роҳи ҳимояи манофеъ ва ҳувияти миллии тоҷикон ёдовар шуданд.
Гуфта шуд, ки Нусратулло Махсум яке аз роҳбарони аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои сиёсии кишвар саҳми назаррас гузоштааст.
Шириншоҳ Шоҳтемур аз муборизони фаъол дар роҳи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди ҷомеа хизматҳои арзишманд анҷом додааст.
Нисор Муҳаммад низ ҳамчун чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик дар таърихи кишвар бо фаъолияти ҷамъиятӣ ва саҳми худ дар пешрафти ҷомеа мақоми шоиста дорад.
Таъкид гардид, ки иқдоми таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардондани мушти хоки ин фарзандони фарзонаи миллат аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими ватандӯстона дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Сарвари давлат масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои бузурги миллат ва эҳтиром ба мероси фарҳангиву маънавии тоҷикон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.