Хабарҳо

slider_img

«СОҲАИ НАҚЛИЁТ ПУРРА РАҚАМӢ ГАРДОНИДА МЕШАВАД». Чунин баён дошт Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар мулоқот бо гурӯҳи сафирони давлатҳои аъзои САҲА

Санаи нашр: 26-05-2026 Просмотрено: 3108

22 май дар Душанбе Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо гурӯҳи сафирони давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқот кард. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистонро бо ин созмон дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ намуданд.

Дар оғози мулоқот Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим намояндагони кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дафтари барномавии  он дар Душанберо хайра мақдам гуфт.

Ҷонибҳо ба аҳамияти таҳвили рақамӣ, ки тамоюли калидии ҷаҳони муосир аст, таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Тавре Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт,  рақамикунонии пурраи соҳаи нақлиёт аз афзалиятҳои калидии вазорат  ба ҳисоб меравад. Солҳои 2025-2030 дар ҶТ солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудаанд. Ба ин масъала дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси САҲА Феридун Синирлиоғлу, ки 20 майи соли 2026 дар Душанбе баргузор шуд, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.. Илова бар ин, моҳи июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи таърихиро бо номи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида буд, якдилона қабул кард.

«Тоҷикистон ба масъалаи таҳвили рақамии соҳаи нақлиёт аҳамияти махсус дода, рақамисозиро ҳамчун яке аз воситаҳои асосии баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, шаффофияти равандҳо ва сифати хизматрасониҳо арзёбӣ менамояд. Дар  ин замина дастгирии САҲА дар пешбурди тадбирҳои  муосири рақамӣ дар  соҳаи нақлиёти кишвари мо нақши созгор дорад», – гуфт Вазир ва  хосатан ба татбиқи муштараки Системаи иттилоотии  «Kartoteka» («Бойгонӣ») тамаркуз  кард, ки он, ба гуфтаи ӯ, «марҳилаи муҳими рақамикунонии равандҳои дохилии идораҳои хоҷагии роҳ, инчунин муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ гардид».

Вазир таъкид намуд, ки ба туфайли ҳамкорӣ воситаи муосири рақамӣ барои мусоидат ба шаффофият, фаврият ва самаранокии идоракунӣ эҷод карда шудааст.

«Дар доираи рушди минбаъдаи ин ҳамкорӣ соли 2025 бо дастгирии САҲА модули "Баҳисобгирии муҳосибавӣ" таҳия ва ҷорӣ карда шуд, ки ба  рақамикунонии равандҳои молиявӣ, пурзӯр кардани назорат, баланд бардоштани шаффофияти баҳисобгирӣ ва самаранокии идоракунии дохилӣ имкон фароҳам овард», – изҳор дошт ӯ.

Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ дар 2026 низ идома ёфт ва технологияҳои муосири мониторинг ва назорат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар доираи  иқдомоти  муштарак GPS-трекерҳо харидорӣ ва дар воситаҳои нақлиёт насб карда шуданд. Ин имкон дод, ки барои мониторинги нақлиёт ба таври онлайн, баланд бардоштани самаранокии истифодаи техника, беҳсозии хатсайрҳо ва такмили механизмҳои назоратӣ заминаи мусоид эҷод карда шавад.

Имрӯз ҳаҷми умумии дастгирии САҲА тақрибан 58 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

«Яке аз самтҳои афзалиятнок муҷаҳҳазгардонии  пурраи тамоми техникаи нигоҳдории роҳҳои муассисаҳои дахлдор бо таҷҳизоти муосири GPS ва рушди минбаъдаи платформаҳои рақамии зеҳнӣ боқӣ мемонад»,-изҳор дошт  Вазир.

Вохӯрӣ дар фазои корӣ сурат гирифт.