Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 25-05-2026 Просмотрено: 2081

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Боз як ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-уми майи соли 2026 «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» рӯйдоди муҳимми сиёсиву фарҳангӣ ва илмии сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Чунин иброз дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 25 март дар маҷлиси назоратӣ бо иштироки роҳбарият, роҳбарон ва еормандони воҳидҳои сохтории дасгоҳи марказии вазорат ва идораю муасситсаҳои тобеи он.

«Ташаббуси навбатии Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ муҷиби ифтихор ва қобили дастгирию пайравии ҳар як сокини кишвари мо мебошад», – изҳор доштӯ.  

Ба гуфтаи Вазир, ин иқдоми таърихӣ бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат сиёсати фарҳангии худро на танҳо ҳамчун унсури ҳифзи ҳувияти миллӣ, балки ҳамчун воситаи муассири муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ амалӣ менамояд.

***

Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии рушд рӯзи 19 май дар Душанбе созишнома дар бораи маблағгузории сохтмони қитъаи аввали роҳи автомобилгарди Лабиҷар — Калайхумб (Калаи Хумб) - ро имзо карданд. Вазири молияи кишвар Файзиддин Каххорзода ва Директори БАОР дар Тоҷикистон Владимир Якунин зери ин санад имзо гузоштанд, хабар медиҳад маркази матбуотии ЕАБР.

Лоиҳа барои рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар аҳамияти стратегӣ дорад ва ба таҳкими алоқаи нақлиётӣ байни ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон равона шудааст.

Маблағҳо барои сохтмон ва таҷдиди қитъаи 10-километраи роҳ, инчунин бунёди се пул равона карда мешаванд.

Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа бехатарии боркашониро баланд мебардорад, дастрасии нақлиётии минтақаҳои кӯҳиро беҳтар месозад ва барои рушди тиҷорат, соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ шароити иловагӣ фароҳам меорад.                                                    

***

«Сомон Эйр» ва «Боинг» масъалаи интиқоли ҳавопаймоҳои нав ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд. 15 майи соли 2026 роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии Somon Air бо ҳайати ширкати Boeing мулоқот анҷом дод. Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар медиҳад.

Дар рафти гуфтушунидҳо ҷонибҳо масъалаҳои асосии марбут ба мавриди истифода қарор додани ҳавопаймоҳои нави Boeing 737 MAX 8–ро баррасӣ намуданд, ки таҳвили онҳо ба Тоҷикистон дар моҳҳои июл-августи соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаҳои operational excellence – маҷмӯи тадбирҳое, ки ба баланд бардоштани самаранокии амалиётӣ ва такмили фаъолияти ширкати ҳавопаймоӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ равона шудаанд, диққати махсус доданд.

Тавре ширкати ҳавопаймоӣ зикр кард, васеъ  намудани флот бо ҳавопаймоҳои муосир ба Somon Air имкон медиҳад, ки сифати хизматрасонии мусофиронро баланд бардорад, шабакаи хатсайрҳоро афзоиш диҳад ва мавқеи худро дар бозори авиатсияи граждании минтақа мустаҳкам созад.

***

Душанбе ва Қоҳира ният доранд, ки алоқаи ҳавоӣ ва боркашониро рушд диҳанд. Дар Душанбе мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Раиси Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Арабии Миср Самеҳ Муҳаммад Фаузӣ, инчунин роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии «Air Cairo» ва «EgyptAir» баргузор гардид. Дар ин бора Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар дод.

Дар рафти гуфтушунидҳо ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, масъалаҳои кушодани парвозҳои ҳавопаймоӣ байни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳои ду кишвар, инчунин роҳандозии ҳамлу нақли борро баррасӣ карданд.

 Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Арабии Миср Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ, аз ҷумла оид ба ташкили парвозҳои мунтазами мусофирбарӣ ва боркашонӣ ба шаҳрҳои сайёҳии Шарм-аш-Шайх ва Қоҳира  тавассути  ширкатҳои ҳавопаймоии «Air Cairo» ва «EgyptAir» ба имзо расид.

ДАР МИНТАҚА

Роҳбарияти Вазорати нақлиёти Қазоқистон ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро дар вилояти Туркистон санҷид. Аз ҷумла,  ҷласаи сайёр оид ба масъалаҳои сохтмони хатти роҳи оҳани «Дарбаза - Мактаарал» ва роҳи автомобилгарди атрофи шаҳри Сариагаш доир карда шуд.

Дар айни замон сохтмони хатти роҳи оҳани «Дарбаза – Мактаарал» бо маром идома дорад, ки яке аз лоиҳаҳои калидӣ ҷиҳати рушди иқтидори нақлиётӣ – логистикии Ҷануби Қазоқистон хоҳад буд.

Хатти нави роҳи оҳан бо дарозии 152 километр имкон медиҳад, ки интиқоли транзитӣ аз Русия ва Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ  тавсеа бахшида, ва инчунин бори истгоҳи Сарыагаш 40 фоиз кам карда шавад.

Анҷоми сохтмон то охири соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.                                                                    

***

Қазоқистон худро пурра бо қири (битуми) роҳ таъмин кард. Кишвар талаботи дохилиро ба қир, ки барои сохтмон ва таъмири роҳҳо зарур аст, пурра  қонеъ месозад. Дар ин бора Вазорати энергетикаи ҶҚ хабар  додааст.

Ин кор пас аз васеъ кардани иқтидори корхонаи Caspi Bitum ба даст омад. Ҳаҷми коркарди нафт дар корхона аз 1 то 1,5 миллион тонна дар як сол зиёд карда шуд, ки дар натиҷа истеҳсоли қири роҳ аз 500 то 750 ҳазор тонна дар як сол афзоиш ёфт.

***

Қазоқистон аввалин шуда дар Осиёи Марказӣ аэротаксиро аз санҷиш гузаронид. Марҳилаи озмоишии рушди системаи аэротакси дар асоси ҳавопаймоҳои пурраи барқии eVTOL дар вилояти Алмаато оғоз пазируфт, хабар медиҳад @SputnikKZ.

Мақомот зикр мекунанд, ки ҳавопаймои ғайриоддӣ ҳамчун асоси системаи ояндаи нақлиётии шаҳр, ки фурудгоҳи байналмилалии Алмаато, маркази тиҷоратӣ ва минтақаҳои сайеҳиро паваст мекунад, арзёбӣ мешавад.

Арзиши парвозҳо ҳанӯз муайян нашудааст, аммо маълум аст, ки аэротакси қодир аст дар як заряд то 200 километрро бо суръати то 200 км/соат  тай кунад. 

ДАР ҶАҲОН

Дар Русия ба мум (асфалт)  ҷойгузини (алтернативаи) дигар пайдо шуд: онҳо   пӯшиши маъмулиро бо чӣ иваз мекунанд? Дар он ҷо роҳҳои сементбетонӣ пайдо шуда метавонанд. Меъёрҳои давлатӣ аллакай қабул карда шудаанд, ки истифодаи технологияҳои дахлдорро ҳангоми сохтмони роҳҳо танзим  менамоянд.

Тавре ки «Российская газета» хабар медиҳад, соли 2022 Ҳукумати Федератсияи Россия нақшаи панҷсолаи сохтмони роҳҳоро барои солҳои 2023-2027 тасдиқ кард, ки аз ҷумла ҷорӣ кардани технологияҳо, маводҳо ва қарорҳои нав, ҷалби ташкилотҳои илмии ватанӣ ба таҳияи онҳоро пешбинӣ мекунад. Илова бар ин, зарурати омода кардани пешниҳодҳо дар бораи баланд бардоштани мӯҳлати байни таъмир барои ҳамаи категорияҳои роҳҳои автомобилӣ бе зиёд кардани хароҷоти молиявӣ  ҷиҳати таъмири асосӣ ва ҷорӣ, нигоҳдории чунин роҳҳо, инчунин бо шарти нигоҳ доштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳ бо иштироки Комиссияи Шӯрои давлатии Федератсияи Россия  зикр карда шуд.

«Яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала истифодаи васеи сементбетон дар қабатҳои конструктивии  пғшиши роҳ мебошад", - мегӯяд президенти Ассотсиатсияи роҳҳои бетонӣ, мудири кафедраи «Сохтмон ва истифодаи роҳҳо»-и   Донишгоҳи давлатии техникии роҳу автомобили Маскав (МАДИ) Виктор Ушаков. Дар давраи аз соли 2018 то 2022 маҷмӯи васеи тадқиқотҳо иҷро карда шуданд, ки самаранокии технологияи сохтмони роҳҳоро бо истифодаи сементбетон исбот мекунанд.

***

Чаро дар Русия дар болои роҳҳо тӯбҳо дар симҳо овезон карда мешаванд ва чаро барои ронандагон донистани ин муҳим аст? Бисериҳо ба тӯбҳои сафед, сурх ё норанҷӣ дар хатҳои баланди барқ ва хатҳои алоқа диққат  медиҳанд менависад «AиФ».

Тӯбҳои огоҳкунанда-маркерҳо (ТОМ) дар хатҳои интиқоли барқ ва хатҳои алоқа ҷойгир карда мешаванд, то онҳоро барои воситаҳои авиатсияи хурд намоён кунанд. Тӯбҳои ранга аксар вақт дар атрофи фурудгоҳҳо, дар наздикии чорроҳаҳои асосии шоҳроҳҳо, дар минтақаҳои водиҳои чуқур, дар наздикии гузаргоҳҳои кӯҳӣ ҷойгир карда мешаванд.

ТОМ кайҳо боз дар ИМА ва дигар кишварҳои ҷаҳон истифода мешавад. Акнун чунин тӯбҳоро дар Русия низ дидан мумкин аст.                                                     

***

ВАО: то охири сол захираҳои сӯзишворӣ дар ИА аз сабаби муҳосираи тӯлонии  тангаи Ормуз ба таври нигаронкунанда кам мешаванд. Бонки нидерландии Rabobank аз норасоии эҳтимолии керосини авиатсионӣ, нафт ва мазут дар Аврупо бар асари  муҳосираи тӯлонии тангаи  Ормуз ҳушдор дод,   навиштааст 13 май sb.by.

Тибқи иттилои ТАСС, бо нигоҳ доштани маҳдудиятҳо то охири сол, захираҳои сӯзишворӣ дар ИА тамом мешаванд ва нархи маҳсулоти нафтӣ боло меравад. Ин ба авиатсия, логистика, сайёҳӣ ва кишоварзӣ бештар таъсир мерасонад.

Ҳоло интиқоли ҷаҳонии нафт дар як шабонарӯз ба анзозаи 10,3 миллион баррел, маҳсулоти нафтӣ 4,5 миллион баррел (14% талаботи ҷаҳонӣ) коҳиш ефтааст. Дар Осиё мушкили таъминот бо сӯзишворӣ ва бекор кардани парвози ҳавопаймоҳо ба қайд гирифта шудааст.

***

Дар Чин аввалин мошинҳои боркаши парвозкунанда озмоиш карда мешаванд. Дар Ҳонконг дар шаш моҳи оянда аввалин озмоиши мошинҳои боркаши барқии дутоннагӣ ба нақша гирифта шудааст. Тавре рӯзномаи «АиФ» 16 май навиштааст, дар ин бора South China Morning Post бо истинод ба директори техникии ширкати машваратии AECOM Люй Имин хабар медиҳад.

Сухан дар бораи мошини барқии ба таври вертикалӣ парвоз ва фурудоянда   меравад, ки қодир аст борҳоро интиқол диҳад. Ба гуфтаи коршинос, парвозҳои озмоишӣ метавонанд дар шаш моҳи оянда сурат гиранд.

Пас аз тасдиқи бехатарии технология, мақомот ва таҳиягарон метавонанд истифодаи чунин  мошинҳоро барои интиқоли мусофирон низ баррасӣ кунанд. Ҳоло ширкат бо ҳукумати Ҳонконг ва департаменти авиатсияи  гражданӣ гуфтушунид мекунад.

***

Мақомоти роҳҳои оҳани ИДМ ҳамгироиро тақвият медиҳанд. 13-14 майи соли 2026 дар Ашқобод ҷаласаи 84-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳод баргузор шуд. Дар кори Шӯро роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани кишварҳои ИДМ, инчунин аъзои ассотсиатсияшудаи Шӯро ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, такмили боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, рақамикунонии соҳа ва таҳкими ҳамкорӣ байни маъмурияти роҳҳои оҳан дар маркази таваҷҷуҳи ширкаткунандагон қарор дошт.