19 май мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Директори кишварии Бонки Авруосиёгии Рушд (БАОР) дар Тоҷикистон Владимр Якунин баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини якуми Вазири нақлиёт Фаррух Неъматзода, директори Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон –Зиғар» Сафрбек Нуруллозода иштирок намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҷалби сармоягузории бонки мазкур дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар баррасӣ гардиданд.
Баимзорасонии созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёгии рушд, ки 19 майи соли 2026 дар Вазорати молияи Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Лабиҷар-Қалъаихумб (қисмати А, қитъаи 1 (аз ПК 0 то ПК 100 (10 км)» баргузор гардид, саҳифаи муҳиме дар рушди ҳамкориҳо миёни ҷонибҳо арзёбӣ гардид.
Маблағи созишномаҳои мазкур 18,5 млн доллари ИМА-ро ташкил намуда, аз он 17 млн доллар қарз ва 1,5 млн доллар грант мебошад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур 1,3 млн доллари ИМА аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Лабиҷар-Қалъаихумб» ба 2 зерқисмат ҷудо шудааст: А1 – аз деҳаи Лабиҷар то баромади деҳаи Чилдара бо дарозии 30,4 км ва А2 – аз баромади деҳаи Чилдара то деҳаи Даштишер бо дарозии 35,0 км.
Маблағи созишномаҳои баимзорасида барои таҷдиди пулҳо ва10 километри аввали роҳ, қубурҳои обгузар бо андозаҳои гуногун дар минтақаҳои селгузар ва пиёдароҳҳо ва равшанкунии беруна дар маҳаллаҳои аҳолинишин истифода хоҳад шуд.
Лоиҳаи мазкур соли 2026 оғоз гардида, амалисозии он ба зиммаи Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон – Зиғар» вогузор гардидааст. Он аз лоиҳаҳое мебошад, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардида буданд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ Вазири нақлиёти ҶТ барои кӯмаки техникии Бонк дар татбиқи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ – иқтисодии лоиҳаи сармоягузории «Сохтмон ва истифодабарии маркази нақлиётӣ-логистикӣ дар гузаргоҳи Фотеҳобод» изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки лоиҳаи мазкур ба рушди низом ва инфрасохтори логистикии кишвар мусоидат хоҳад намуд.