Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рақамикунонии ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар Осиёи Марказӣ қадами муҳим гузошта, ду амалиёти аввалро бо истифода аз системаи электронии eTIR бомуваффақият анҷом доданд, иттилоъ медиҳад пойгоҳи хабарии «Партнер.ру» бо истинод ба Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (IRU).
Дар доираи шартномаи аввал аз Қирғизистон ба Тоҷикистон воситаҳои нақлиёт интиқол дода шуданд, тибқи шартномаи дуюм интиқоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ба самти Қирғизистон амалӣ гардид. Кафолатҳои электронии eTIR барои ин ҳамлу нақл аз ҷониби аъзои Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (IRU) – Ассотсиатсияи байналмилалии ҳамлу нақли автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ABBAT) ва ширкати AIRTO KR Қирғизистон ба расмият дароварда шуд.
Ҳарду амалиёт тавассути замимаи миллии eTIR, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ (КИА СММ) таҳия шудааст, сурат гинрифтанд. Ин ба кишварҳо имкон дод, ки ҳалли тайёрро барои суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани система истифода баранд. Барои дастгирии лоиҳа КИА СММ ва IRU дарсҳои омӯзишии кор бо eTIR-ро барои кормандони соҳаҳои нақлиёт ва гуирук дар Хуҷанд (Тоҷикистон) ва Ӯш, Қизил-Бела (Қирғизистон) бо мусоидати ABBAT ва AIRTO KR, инчунин маъмурияти гумруки ҳарду кишвар ташкил карданд.
Ин амалиётҳо натиҷаи ҳамкории зичи мақомоти дахлдори ду кишвар, ассотсиатсияҳои нақлиёти автомобилӣ, IRU ва Иттиҳоди иқтисодии Аврупои СММ мебошанд, ки ба рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи нақлиёти Осиёи Марказӣ равона карда шудаанд. Дар IRU ва КИА СММ изҳор доштанд, ки ҳамкориро бо мақомоти миллӣ ва шарикон барои тавсеаи татбиқи eTIR дар минтақа ва берун аз он идома медиҳанд, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ, бехатарӣ ва эътимоднокии алоқаи фаромарзӣ имкон фароҳам хоҳад овард.