Аз 13 то 15 майи соли 2026 дар Алмаато Семинари минтақавии «Таҳкими алоқаи нақлиетӣ ва рақобатпазирӣ дар минтақаи SPECA: ҳамгироии сохтори стратегӣ, инфрасохтор ва навовариҳои рақамӣ» баргузор шуд.
Ҳамоиш дар доираи Барномаи минтақавии «Соддагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ/ Рушди иқтидори долони Транскаспий», ки аз ҷонибиҶамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit, GIZ) бо дастгирии Ҳукумати Олмон ва ҳаммаблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодии Аврупои (КИА) СММ ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва уқёнуси Ором (ESCATO) амалӣ мегардад, доир карда шуд.
Семинар намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои нақлиётӣ ва ширкатҳои логистикӣ, инчунин коршиносони кишварҳои Осиёи Марказиро ҷиҳати баррасии масъалаҳои рушди алақаи нақлиётӣ, таҷдиди инфрасохтор ва рақамикунонии расмиёти транзитӣ ба ҳам овард.
Дар кори семинар Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Рузӣ ва Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» - и Вазорати нақлиети ҶТ Фаррух Ашӯрзода ширкат ваорзиданд.
Яке аз мавзӯъҳои асосии семинар рақамикунонии системаҳои нақлиётӣ буд. Коршиносон пешниҳодоти худро оид ба ҳалли масъалаҳо дар самти гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, платформаҳои логистикаи рақамӣ, системаҳои eCMR, eTIR ва E-Permit баён доштанд ва инчунин мавзуҳои ҳамгироии платформаҳои рақамии миллиро бо ташаббусҳои байналмилалӣ муҳокима карданд.
Дар доираи сессияҳо иштирокчиён стратегияҳои миллии рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ташаббусҳои минтақавӣ оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ва механизмҳои ҳуқуқии байналмилалиро дар соҳаи нақлиет баррасӣ карданд.
Ба рушди терминалҳои мултимодалӣ, бандарҳои хушк ва марказҳои логистикӣ ҳамчун унсурҳои калидии таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани самаранокии долонҳои байналмилалии нақлиётӣ диққати махсус дода шуд.
Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла КИА СММ, ЭСКАТО, ЮНКТАД, IRU ва Expertise France ташаббусҳои ҷорӣ ва таҷрибаи байналмилалиро муаррифӣ, коршиносони миллӣ натиҷаҳои ислоҳоти амалишударо мубодила карданд.
Иштирокчиени семинар ба бандари хушки KTZE-Khorgos Gateway ташриф оварданд ва бо фаъолияти терминали мультимодалӣ ва инфрасохтори яке аз калонтарин марказҳои нақлиётӣ-логистикии минтақа шинос шуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои кори семинар таҳияи тавсияҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкории минтақавӣ, рушди системаҳои устувори нақлиётӣ ва пешбурди қарорҳои рақамӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.