Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

БОЗИИ МИЛЛИОНҲО. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи дастаҳо барои дарёфти Ҷоми Вазири нақлиёти Тоҷикистон идома дорад

Санаи нашр: 18-05-2026 Просмотрено: 3465

Тибқи Нақшаи тадбирҳои Вазорати нақлиёт мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. 

Мусобиқа аз 12 то 25 май  сурат гирифта, ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида мешавад. Дар он дастаҳои вазорат ва идораю муассисаҳои тобеи он байни ҳам қувва меозмоянд.

Мусобиқа бо иштироки 16 даста дар чор гуруҳ сурат мегирад. То имрӯз ду даври қуввасанҷӣ ба анҷом расидж ва даври сеюмии он имруз, 18 май оғоз мегардад.

Мавриди зикр аст, ки футболро «бозии мидллионҳо» меноманд ва ин бесабаб нест. Ин ибораи маъмул  аз маҳбубияти ин навъи варзиш дар байни ҷавонон ва ҳаводорони он дар саросари олам гувоҳӣ медиҳад. Аз рӯи маълумоти  Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА),  ҳоло беш аз 290 миллион нафар –  мардон, занон, кӯдакон, наврасон ва собиқадорон бо футбол машғуланд.

Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 маи соли 2024 қатънома қабул кард, ки тибқи он 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шуд.