Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ ҲУШДОР ВА ТАВСИЯ МЕДИҲАД. Рӯзҳои наздик боз борон, раъду барқ ва селу обхезӣ пешбинӣ шудааст

Санаи нашр: 09-05-2026 Просмотрено: 2414

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номусоид шудани обу ҳаворо дар давраи аз 10 то 12 майи соли ҷорӣ пешбинӣ  намудааст.

Тибқи маълумоти агентӣ, 10 ва 11 май дар аксари минтақаҳои кишвар, ба истиснои ноҳияҳои шарқии Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳавои ноустувор бо боронҳои  бошиддат ва раъду барқ дар назар аст.Дар ин бора  маркази матбуоти агентӣ хабар додааст.

Боришоти шадид дар Душанбе, Варзоб, Ҳисор, ноҳияи Рӯдакӣ, Ёвон, Ваҳдат, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тавилдара, Лахш, Панҷакент, Дангара, Восеъ, Балҷувон, Темурмалик, Кӯлоб, Ховалинг, Муминобод, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз пешбинӣ шудаанд.

Ҳавошиносон ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки 10 май дар минтақаҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлон ва Суғд шамоли шадид то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар ҷануби кишвар  эҳтимоли ба вуҷуд омадани хокбориш ва чангу ғубор мавҷуд аст. Дар аксари водиҳо ва минтақаҳои наздикӯҳии ҷумҳурӣ то 8 -10 дараҷа паст шудани ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, дар робита ба боришоти интизорӣ аз 10 то 12 май дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, хусусан дар Данғара, Восеъ, Балҷувон, Темурмалик, Муминобод, Ховалинг, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Ёвон ва Кӯлоб обхезӣ ва омадани сел пешгӯӣ мешавад. Хатари  омадани сел дар вилояти Суғд, хусусан дар Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ, инчунин дар  шаҳру навоҳии Душанбе, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Лахш, Сангвор ва ноҳияи Рӯдакӣ низ вуҷуд дорад.

Илова бар ин, зуҳуроти сел дар минтақаҳои ғарбии Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла дар ноҳияи Дарвоз имконпазир аст.

10 ва 11 май бар асари боришот баланд  шудани сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), инчунин дар дарёҳои аз қаторкуҳҳои Ҳисор ҷоришаванда пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин,  тибқи супориши Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим, ҳамаи  идораю муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои кишвар ба ҳолати кории шабонарӯзӣ гузаштаанд. Дар вазорат Гурӯҳи корӣ  таҳти роҳбарии муовини вазир Бобоёр Бобоёрзода ҷиҳати вокуниши фаврӣ ба оқибатҳои эҳтимолии шароити номусоиди обу ҳаво, назорати доимии ҳолати роҳҳои автомобилӣ, таъмини интиқоли саривақтӣ ва бехатари мусофирон ва борҳо таъсис дода шудааст.

Вазорати нақлиёт дар бораи хавфи  ҳолатҳои фавқулодда дар роҳҳо бинобар сабаби вазъи обу ҳаво ҳушдор медиҳад.  Ҳамзамон, дар сурати таҳдиди хатар ба ҳаракат дар роҳҳо, Вазорати нақлиёт ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия медиҳад:

– қоидаҳои ҳаракат дар роҳро бечунучаро риоя намоед;

– суръати ҳаракатро паст кунед;

– масофаи бехатарро байни мошинҳо интихоб намоед;

– дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ҷойҳое, ки сел метавонад ба он ҷойҳо таҳдид кунад, хусусан пас аз боронҳои зиёд, канорагирӣ кунед;

– роҳҳои бехатар (роҳҳое, ки дар селроҳа ва ҷойҳои осебпазир ҷойгир нестанд)-ро интихоб намоед;

– дар ҷойҳои бо қабати нав пӯшонидашудаи роҳҳо (асфалти нав хобонидашуда махсусан пас аз борон лағжон мешавад) ва дар ҷойҳое, ки гил ё қум метавонад ба рӯи роҳ резад, аз эҳтиёт кор гиред;

– аз таваққуф дар назди сохтмонҳо, зери дарахтон ва наздикии  иншооти эҳтимолан хатарнок (масалан, дарахтони кӯҳна, лавҳаҳои таблиғотӣ), хусусан дар вақти вазидани шамоли шадид худдорӣ намоед;

– ҳангоми савор шудан ба воситаи нақлиёт камарбанди бехатариро фаромӯш насозед. Ҳангоми савор шудан ба мотосикл кулоҳ ба сар кунед;

– маълумот дар бораи обу ҳаворо мунтазам  пайгирӣ  намоед.