Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ ҲУШДОР ВА ТАВСИЯ МЕДИҲАД. Шамоли сахт, тумани чанголуд, борон, жола ва сел дар рӯзҳои аввали моҳи май

Санаи нашр: 01-05-2026 Просмотрено: 3352

Агентии  обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ   аз 1 то 4 майи соли 2026 шамоли шадид, чангу ғубор, борон, жола ва селро    пешгӯӣ мекунад.

Тибқи маълумоти ин идора, 1 май дар мавзеҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ, инчунин дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон  борону сел пешгӯӣ мешавад.

Аз 1 то 3 май ба қаламрави ҷумҳурӣ воридшавии чангу ғубор  боиси бад шудани сифати ҳаво ва коҳиш ёфтани биниш мегардад. Вилояти Хатлон (ҷануб ва марказ), ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ ва шаҳри Душанбе, инчунин ноҳияҳои шарқии ВМКБ манотиқи асосии таъсири обу ҳаво арзёбӣ мешаванд. Дар ин минтақаҳо  боришот, афзоиши шамол, гирдбоди гардовар ва омадани сел дар назар аст.

Дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд барф меборад, дар баъзе ҷойҳо шамол  шиддат мегирад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ боришоти борон, дар баландкӯҳҳо барф, дар қисмати шарқии  вилоят шамоли шадид ва  чангу ғубор пешбинӣ шудааст.

Инчунин зикр карда мешавад, ки дар давоми моҳи май  ҳавои тағйирёбанда,   баъзе ҷойҳо борон, раъду барқ ва гирдбоди гардовар  имконпазир аст. Интизор меравад, ки шамоли ғарбӣ то 1722 м/с афзоиш ёбад.

Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз хатари  садамаҳои  нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар бинобар вазъи ҳаво ҳушдор медиҳад. Ҳамаи  муассисаҳои хоҷагӣ ва нигоҳдории роҳҳо ба ҳолати омодагии баланд гузаронида, бо техникаи зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд ва муваззаф гардидаанд, ки вазъиятро дар роҳҳои автомобилгард мунтазам назорат кунанд.

Илова бар ин, Вазорати нақлиёти ҶТ ба ронандагони воситаҳои нақлиёт чунин тавсия медиҳад:

- пеш аз сафар ҳолати техникии мошинро санҷед;

- ҳангоми бад шудани биниши роҳ асбобҳои рӯшноии беруна (дар ҳар вақти шабонарӯз) истифода баред;

- суръати ҳаракатро паст кунед;

- масофаро то мошинҳои дар пешбуда  бештар созед;

 - аз манёврҳо ва тормозҳои ногаҳонӣ ва пешгузаштҳои хатарнок худдорӣ намоед.