Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР АЗ АФЗОИШИ ҲАҶМИ БОРКАШОНӢ ВА МУСОФИРБАРӢ ХАБАР ДОДАНД. Ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Санаи нашр: 30-04-2026 Просмотрено: 4076

29 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ҷаласа натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввал, инчунин вазифаҳо барои давраи то охири соли 2026 баррасӣ гардиданд.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро  дар семоҳаи аввали соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба кишварҳои ҷаҳон  ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим, таъмин намудани суботи иқтисодӣ, ҳифзи бозори дохилӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруниро вазифаи аввалиндараҷа номиданд.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ, дар семоҳаи якуми соли 2026 рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14 фоиз, кишоварзӣ 8, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 34, хизматрасонии пулакӣ 8,5 ва гардиши савдо 22 фоиз ба даст омадааст.

Зикр карда шуд, ки ҳаҷми боркашонӣ 14 фоиз ва мусофиркашонӣ 11 фоиз афзоиш ёфт. Дар баробари ин, сатҳи таваррум 1,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пасттар мебошад.

Президенти кишвар истифодаи сарфакоронаи захираҳо, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва рушди истеҳсолоти рақобатнокро зарур шумориданд.

Зикр гардид, ки ҳоло дар кишвар 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки барои рушди иқтисоди миллӣ ва пешбурди соҳаҳои калидӣ заминаи устувор мегузорад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмуъ, мусбат арзёбӣ мегардад. Нақшаи даромад дар сатҳи 108,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет зиёда аз 16,7 миллиард сомонӣ ворид шуд, аз ҷумла аз ҳисоби мақомоти андоз 119,4 фоиз ва Хадамоти гумрук 102,9 фоиз.

«Аммо таҳлил нишон медиҳад, ки дар паси ин нишондиҳандаҳои умумӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда афзоиши бақияпулиҳои андоз мебошад», - изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо дарназардошти вазъи зикршуда, ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатиро таъмин намуда, барои коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии афзоиши онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор, инчунин ба мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти супориш дода шуд, ки:дар самтҳои зерин  чораҳои саривақтӣ ва муассир андешанд:

- нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои беруна; - иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти пурраи музди меҳнат, нафақа ва дигар кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, инчунин назорати қатъии маблағгузории соҳаҳо;

- истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳо, тавсеаи рушди истеҳсолоти рақобатпазири ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот;

- татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва назорати қатъии иҷрои нақшаҳои молиявӣ;

 - таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо мақсади ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ ва истифодаи самараноки онҳо.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки барои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи воситаҳои электронии пардохт ва ҷорӣ кардани низоми ягонаи пардохт дар тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст чораҳои қатъӣ андешанд.

Бахши дигари суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ буд.

Таъкид гардид, ки то ба имрӯз 106,7 фоизи корҳои созандагӣ таъмин гардидааст ва ин нишондиҳанда аз саъю талоши созандаи мардуми кишвар ва фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ шаҳодат медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо вуҷуди дастовардҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақша ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Бо дарназардошти ин, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони мақомоти марказӣ қатъиян супориш дода шуд, ки барои бартараф намудани қафомонӣ ва иҷрои пурраи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд, ба сифати корҳои сохтмон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, ҷалби сармояи хусусӣ ва иштироки фаъолонаи аҳолиро дар корҳои созандагӣ боз ҳам тақвият бахшанд.

 

Манбаъ: www.President.tj