Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАИ ДОИМИИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД БО ХАБАРНИГОРОН. Бонк дастгирии рушди инфрасохтори нақлиётро дар Тоҷикистон идома хоҳад дод

Санаи нашр: 22-04-2026 Просмотрено: 3272

Бонки Осиёии рушд (БОР) дастгирии лоиҳаҳоро оид ба рушди инфрасохтори нақлиёт дар Тоҷикистон идома хоҳад дод. Дар ин бора Намояндаи доимии БОР дар ҶТ Ко Сакамото 20 апрел дар мулоқот бо хабарнигорон дар Душанбе изҳор дошт.

Ко Сакамото ба намояндагони ВАО дар бораи лоиҳаҳо, нақшаҳо барои солҳои оянда ва стратегияи нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистон нақл кард. Вай, аз ҷумла, тазаккур дод, ки айни замон лоиҳаҳо оид ба рушди шабакаи роҳҳо, аз ҷумла самтҳое, ки кишварро бо Чин мепайванданд, амалӣ карда мешаванд. Сухан дар бораи долонҳои байналмилалии «Шарқ–Ғарб (Осиё–Аврупо)» ва «Шимол–Ҷануб» меравад. Тоҷикистон дар ин хатсайрҳо мавқеи муҳими стратегӣ дошта, қисматҳои гуногуни минтақаро бо ҳам мепайвандад.

Хулосаи асосие, ки Бонк дар натиҷаи таҳлили вазъи кишвар ба даст овардааст, ин аст, ки таъсиси ҷойҳои корӣ бояд афзалияти рақами як бошад.

Намояндаи доимии БОР иттилоъ дод, ки тайи чор соли оянда Бонки Осиёии рушд татбиқи тақрибан 30 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба рушди соҳаи тандурустӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ, инчунин навсозии низоми суғуртаи иҷтимоӣ баррасӣ хоҳад намуд.

Ба гуфтаи Ко Сакамото, БОР рушди рақамии Тоҷикистонро ҳамчун раванди бисёрсатҳа арзёбӣ мекунад:

Сатҳи аввал ин инфрасохтор аст: интернет, шабакаҳои нахи оптикӣ, рушди 3G, 4G ва 5G ва амнияти маълумот.

Сатҳи дуюм инфрасохтори рақамии давлатӣ (DPI) мебошад, ки мубодилаи маълумотро байни системаҳо ва идораҳои гуногун таъмин мекунад.

Сатҳи сеюм қарорҳои амалӣ дар бахшҳои мушаххас – нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро дарбар мегирад.

БОР дастгирии рушди инфрасохтори нақлиётро дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон идома медиҳад. Тибқи Стратегияи шарикии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд барои  солҳои  2026-2030, яке аз афзалиятҳо беҳтар намудани роҳҳо ва бунёди долонҳои логистикӣ мебошад, ки хароҷоти тиҷоратро коҳиш медиҳад ва мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун маркази муҳими транзитӣ дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам менамояд.

Аз ҷумла, лоиҳаҳои рушди шабакаи роҳҳо, аз ҷумла  долонҳои байналмилалии нақлиётӣ амалӣ карда мешаванд.

Ко Сакамото ёдовар шуд, ки моҳи марти соли равон Президенти БОР Масато Канда ба Тоҷикистон ташриф овард ва ҳамроҳ бо намояндагони Ҳукумати ҶТ стратегияи нави панҷсолаи шарикиро  муаррифӣ намуд.

Тавре Намояндаи доимии БОР таъкид сохт, аз соли 2018 ҷумҳурӣ танҳо  кӯмакҳои бебозгаштро дар ҳаҷми нисбатан маҳдуд дастрас мекунад. Интизор меравад, ки кишвар аз аввали соли 2027 ба маблағҳои қарзии бонк дастрасӣ пайдо кунад. Ин, ба гуфтаи ӯ, маънои онро дорад, ки имконияти ҷалби хеле  бештари захираҳои Бонк ҷиҳати  маблағгузории инфрасохтор ва лоиҳаҳои дигар  ба даст меоядю.

Ёдовар мешавем, 4-уми марти соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии рушд Масато Кандуро ба ҳузур пазируфтанд. Сарвари давлат Масато Кандуро  бинобар интихоб шуданаш ба мансаби Президенти Бонк табрик гуфтанд ва  сафари аввали ӯро ба Тоҷикистон ҳамчун нишони таваҷҷуҳи махсуси ин муассисаи молиявӣ ба таҳкими дарозмуддати ҳамкориҳои тарафайн арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо аз қабули Стратегияи нави шарикии Бонк бо Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки самтҳои асосии он, аз ҷумла рушди энергетика, нақлиёт, рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин таҳкими бахшҳои иҷтимоиву хусусӣ ба ҳадафҳои миллии Тоҷикистон комилан мувофиқанд.