• Tajik
  • Русский
  • English

                       Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.11.2020

- маблағи умумӣ: 54,0 млн. доллари ИМА, аз ҷумла;

• қарзи Бонки Умумиҷаҳонӣ – 38,250 млн.дол.ИМА

кӯмаки бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ – 6,750 млн.дол.ИМА

• саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9,0 млн.дол.ИМА

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ: 46,145 млн.дол.ИМА (85%)

- машваратчӣ: Ширкати “Дохва Инжиниринг” (Корея)

- паймонкор: Ширкати “Чайна Рейлвей (Вуҷу)”(Хитой)

- муҳлати иҷрои корҳо: оғоз – июн 2016,  анҷом – август 2020

- шумораи кормандон: 22 нафар: маҳаллӣ-19н.(86%), хориҷӣ-3н.(14%)

- шумораи техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ: 10 адад

- шарҳи лоиҳа: таҷдиди 67,7 км роҳ, харидории автомашинаҳо барои      Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, харидории таҷҳизот барои ба таври электронӣ ҳисоб намудани шиддатнокии ҳаракат дар роҳ ва харидории таҷҳизот барои санҷиши ноҳамвории роҳ, харидории таҷҳизот барои баркашидани воситаҳои нақлиёт зимни ҳаракат, таҳия ва ҷорӣ намудани Системаи идоракунии воситаҳои роҳ.

Эзоҳ: Фарқият байни маблағи умумӣ тибқи созишномаҳо ва тибқи қарордодҳо 5 128 800,00 доллари ИМА-ро ташкил дода, аз ин 1 560 000,00 доллари ИМА сарфа аз ҳисоби саҳми Ҳукумати ҶТ, 1 468 800,00 доллари ИМА тағйирот (камшавӣ) аз ҳисоби тағйирёбии қурби ҲҚМ (ҳуқуқҳои махсуси қарзӣ) нисбат ба доллари ИМА ва тақрибан 2 100 000,00 доллари ИМА сарфа аз ҳисоби қарзи Бонки Умумиҷаҳонӣ мебошад.

Ду озмуни гузаронидашудаи номуваффақ бо сабаби маблағи зиёд пешниҳод намудани ширкатҳои иштирокчӣ аз буҷети пешбинишуда барои харидории таҷҳизот барои назорати вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат сабаби ба таъхир афтодани иҷроиши ҷузъиёти лоиҳа ҷиҳати хариди таҷҳизот ба ҳисоб меравад.

Озмун ҷиҳати харидории таҷҳизот барои назорати вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат 17 июли соли 2018 эълон карда шуд ва муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 15 августи соли 2018 буд.

15 августи соли 2018 соати 14:00 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодани дархостҳои тендерӣ оид ба харидории таҷҳизоти болозикр баргузор гардид. Аз сабаби он ки дар озмун ҳамагӣ 1 ширкат иштирок кард ва маблағи пешниҳоди ин ширкат 91,5% зиёд аз маблағи дар лоиҳа пешниҳодшуда буд, 31 августи соли 2018 озмун такроран эълон карда шуд. Санаи 1 октябри соли 2018 соати 14:00 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими кушодани дархостҳои озмунӣ баргузор гардид, ки дар он 2 ширкат “Бетамонт” (Словакия) ва “Роял Бизнес” (Арабистони Саудӣ) дархостҳои озмунии худро пешниҳод намуданд. Омӯзиши дархостҳо маълум намуд, ки дархости молиявии ширкати “Роял Бизнес” 366360,00 доллари ИМА-ро ташкил дода, аз буҷети лоиҳа 33640,00 доллари ИМА камтар мебошад. Пешниҳоди ширкати мазкур аз ҷониби машваратчии байналмилалӣ Я. Питерка мавриди таҳлил қарор дода шуда, бо назардошти ба талаботҳои стандартӣ ва озмунӣ ҷавобгӯй набудан, рад карда шуд.

Бояд қайд кард, ки ҳангоми бо ҳайати Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи видеоконференсия аз санаи 30 ноябри соли 2018 баррасӣ намудани ду озмуни гузаронидашудаи номуваффақ бо сабаби норасоии буҷети пешбинишуда барои харидории таҷҳизоти ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ, буҷети ҷузъиёт дар мувофиқа бо Бонк зиёд карда шуд.

Санаи 18 октябри соли 2019 эълони озмун ҷиҳати харидории таҷҳизоти болозикр дар сомонаҳои интернетии Вазорати нақлиёт, Кумита давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки Умумиҷаҳонӣ, газетаҳои “Ҷумҳурият” ва “Нақлиёт” нашр карда шуд. Санаи 29 ноябри соли 2019 дар бинои Кумита маросими кушодани пешниҳодҳои озмунии ширкатҳо баргузор гардид, ки аз 5 ширкат ҳамагӣ ду ширкат пешниҳодҳои худро манзур намуданд. Ҳисоботи арзёбии пешниҳодҳои озмунии ширкатҳо ба Кумита барои мувофиқа ирсол гардид. Санаи 2 январи соли 2020 дар бинои Кумита ҷаласа оид ба муҳокимаи ҳисоботи арзёбии пешниҳоди озмунии ширкатҳо баргузор гардид.          Санаи 31 январи соли 2020 ҳисобот барои мувофиқа ба Бонки Умумиҷаҳонӣ ирсол карда шуд. Дар заминаи розигии Бонк санаи 4 марти соли 2020 қарордод бо ширкати Бетамонт ба имзо расид. Моҳи августи соли 2020 таҷҳизот ба қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкат ворид карда шуд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар маҳалли васлу насби таҷҳизот пурра аз ҷониби зерпудратчии ширкат ҶДММ “Сифатсохтумон” иҷро гардиданд. Пас аз омадани мутахассисони ширкат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизот пурра васлу насб гардида ба Вазорат супорида мешавад.

Озмун ҷиҳати харидории барномаи компютерии “Системаи идоракунии воситаҳои роҳ” 31 августи соли 2018 эълон карда шуд.

Аз сабаби он ки пешниҳоди молиявии ширкатҳо аз буҷети пешбинишудаи лоиҳа зиёд буданд, озмун такроран эълон гардид ва муҳлати ниҳоии пешниҳодҳои озмунӣ 21 декабри соли 2018 буд.

Баъд аз озмуни гузаронидашуда ва мувофиқа бо Кумита санаи 29 марти соли 2019 қарордод байни Вазорати нақлиёт ва ғолиби озмун ҶДММ “Дилошуб” ба имзо расид. Таҳвилгар тибқи қарордод дар 4 марҳила ҳама корҳоро ба анҷом расонид.

Дар мувофиқа бо Бонки Умумиҷаҳонӣ таснифоти техникӣ ҷиҳати васлу насби 25 адад таҷҳизот барои ба таври электронӣ ҳисоб намудани шиддатнокии ҳаракат дар роҳ омода карда шуда, санаи 23 декабри соли 2019 барои мувофиқа ба Бонк ирсол ва розигии Бонк дастрас гардид.

5 феврали соли 2020 озмун ҷиҳати васлу насби 25 адад таҷҳизот барои ба таври электронӣ ҳисоб намудани шиддатнокии ҳаракат дар роҳ эълон карда шуд. Санаи ниҳоии пешниҳодҳо 5 марти соли 2020 муайян карда шуда, дар санаи мазкур дар бинои Кумита маросими кушодашавии пешниҳодҳои ширкатҳо баргузор гардид. Барои иштирок дар озмун ҳамагӣ 1 ширкат пешниҳоди худро манзур намуд. Санаи 21 апрели соли 2020 ҳисоботи арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ барои мувофиқа ба Кумита пешниҳод карда шуда, санаи 30 апрели соли 2020 ҳисобот аз ҷониби Кумита тасдиқ гардида, ба Бонк ирсол карда шуд. Санаи 11 июни соли 2020 қарордод ҷиҳати харидории барномаи компютерӣ ва таҷҳизоти иловагӣ барои таъмини фаъолияти пурраи системаи ҳисобкунии шиддатнокии ҳаракат бо ҶДММ “Дилошуб” ба имзо расид. Таҷҳизоти иловагӣ аз ҷониби ширкат ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид карда шуда, ба ҳолати 31 октябри соли 2020 аз 25 адад таҷҳизот 20 ададаш дар роҳҳои ҷумҳурӣ васлу насб гардида ба Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳо супорида шуданд. Корҳои васлу насби 5 адад  таҷҳизоти боқимонда идома доранд.

18 феврали соли 2019 қарордод байни Вазорати нақлиёт ва Мушовири инфиродии байналмилалӣ Аарон Адив (Ҷумҳурии Исроил) ҷиҳати таҳияи “Стратегияи рушди соҳаи нақлиёт то соли 2030 ва Нақшаи рушди самтҳои асосии соҳаи нақлиёт то соли 2050” ба имзо расид. Мушовир баъд аз шурӯъ кардан ба кор санаи 11 марти соли 2019 аризаи худро оид ба қатъ кардани қарордод пешниҳод намуд, ки дар натиҷа қарордод бо ӯ қатъ карда шуд. Сабаби қатъ кардани қарордод ноӯҳдабароӣ ва бемасъулиятии худи мушовир мебошад.     Санаи 10 сентябри соли 2019 дар мувофиқа бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати таҳияи “Стратегияи рушди соҳаи нақлиёт то соли 2030 ва Нақшаи рушди самтҳои асосии соҳаи нақлиёт то соли 2050” бо мушовири байналмилалӣ Александра Спернол ва мушовири маҳаллӣ Ҳабибуллоев Ҳабибулло қарордодҳо ба имзо расиданд. Айни замон мушовирон ҳисоботи ниҳоӣ оид ба таҳияи Стратегия ва Нақшаро омода намуда барои тасдиқ ба Вазорат пешниҳод намуданд.

Тибқи дархости Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати гузаронидани тадқиқот дар маҳалҳои назди роҳҳои дар доираи лоиҳа таҷдидшуда бо Маркази тадқиқоти иҷтимоии “Зеркало” санаи 19 марти соли 2020 қарордод ба имзо расид. Марказ тибқи қарордод уҳдадориҳои худро то санаи 31 августи соли 2020 иҷро намуд.

Тибқи тавсияи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дар заминаи видеоконференсияи моҳи марти соли 2020 гузаронидашуда ҷиҳати гузаронидани фокус-гурӯҳҳо дар байни занон дар вилояти Суғд, ВМКБ санаи 17 марти соли 2020 шартнома бо мушовири инфиродӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ба имзо расид. Мушовир тибқи шартнома уҳдадориҳои худро саривақт иҷро намуд.

Дар асоси фармоиши Вазорати нақлиёт №192 аз 27 августи соли 2018 Комиссияи корӣ ҷиҳати қабули пешакии лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара” санаи 12-13 сентябри соли 2018 гузаронида шуд. 14 сентябри соли 2018 аз ҷониби Вазорати нақлиёт, машваратчӣ ва пудратчии лоиҳа Санади қабулу супоридан ба имзо расид. Тибқи он муҳлати кафолатии корҳои сохтмонӣ 15 сентябри соли 2018 оғоз гардида, 14 сентябри соли 2019 ба анҷом расид.    Санаи 22 октябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаҳои Деҳмой-Пролетар ва Пролетар-Маданият мавриди истифода қарор дода шуданд. Бояд ёдовар шуд, ки қитъаҳои дигари лоиҳа дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Рӯзҳои 6 ва 7 феврали соли 2020 дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2019, №109-ф Комиссияи давлатии қабули роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара (74,4 км) гузаронида шуд. Иншоот аз ҷониби Комиссия қабул гардид. Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тасдиқи санадҳои Комиссияи давлатии қабули иншоот” бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Санаи 22 августи соли 2019 Дархост оид ба ҳавасмандӣ, хизматрасонии машваратӣ-интихоби ширкатҳо ҷиҳати таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, лоиҳаи муфассали техникӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва ҳисоботҳои экологӣ ва иҷтимоӣ тибқи талаботи меъёрҳои экологӣ ва иҷтимоӣ барои барқарорсозӣ/сохтмони қитъаҳои интихобшудаи роҳҳо/иншоот дар вилояти Суғд, ВМКБ ва вилояти Хатлон дар доираи лоиҳаи “Рушди Роҳҳои Алоқа дар Осиёи Марказӣ РАОМ-4” аз ҳисоби маблағҳои сарфаи лоиҳаи “Рушди Роҳҳои Алоқа дар Осиёи Марказӣ РАОМ-2 (таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара)” дар сомонаҳои интернетии Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки Умумиҷаҳонӣ, газетаҳои “Ҷумҳурият” ва “Нақлиёт” нашр карда шуд. Муҳлати ниҳоии изҳори ҳавасмандӣ то санаи 4 сентябри соли 2019 муайян шуда буд.

14 ширкат изҳори ҳавасмандии худро пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 6 ширкат ба рӯйхати кӯтоҳ ворид карда шуд. 15 октябри соли 2019 розигии Бонк нисбат ба ҳисобот оид ба рӯйхати кӯтоҳ дастрас гардид.

Санаи 16 октябри соли 2019 Дархост оид ба дастраскунии пешниҳодҳо ба 6 ширкати дар рӯйхати кӯтоҳ воридгардида ирсол карда шуд. Санаи 19 ноябри соли 2019 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими кушодани пешниҳодҳои техникии ширкатҳо баргузор гардида, ҳисоботи арзёбӣ таҳия ва бо Кумита мувофиқа карда шуд.

Санаи 11 декабри соли 2019 ҳисоботи арзёбӣ ба Бонк ирсол карда шуда, санаи 16 декабри соли 2019 розигии Бонк дастрас шуд ва санаи 24 декабри соли 2019 дар бинои Кумита маросими кушодашавии пешниҳодҳои молиявии ширкатҳо баргузор гардид. Дар асоси озмуни гузаронидашуда санаи 9 январи соли 2020 гуфтушуниди қарордодӣ бо ширкати ғолиб, яъне бо ширкати “Темелсу Интернейшнл Инжиниринг Сервисз Инк” (Туркия) гузаронида шуд. Санаи 31 январи соли 2020 қарордод бо ширкати мазкур ба имзо расид. Корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ширкат идома доранд.