• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.11.2020

 

 А. Қитъаи роҳ аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии ш.Душанбе (дар чорроҳаи шаҳраки 82)

- маблағи умумӣ: 36,949 млн. доллари ИМА, аз ҷумла:

қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) – 35,0 млн.дол.ИМА

кӯмаки техникии БАТР – 1,395 млн.дол.ИМА

кӯмаки техникии БАТР – 0,554 млн.дол.ИМА (0,500 млн.Евро)

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ: 32,881 млн.дол.ИМА(89%)

 - шарҳи лоиҳа: Азнавсозии чорроҳаи шаҳраки 82 бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа буриши хиёбонҳои Н.Махсум бо Б.Ғафуров, мавзеи км 1+200 то 1+900-и хиёбони Н.Махсум

 - машваратчӣ: Ширкати САИ (Ҳиндустон)

 - паймонкор: Ширкати Синдзян Бейсин ЛТД(Хитой)

- муҳлати корҳои сохтмонӣ:сентябр 2016 – сентябр 2018

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 13 апрели соли 2018, 31 майи соли 2018 қисмати аввали роҳи эстакада дар хиёбони Б.Ғафуров ба кор андохта шуд.

Қисмати боқимонда дар хиёбони И.Сомонӣ ва Н.Махсум моҳи сентябри соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Иншоот аз ҷониби Комиссияи корӣ қабул гардида, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №85-ф аз 27.10.2020с. Комиссияи давлатӣ таъсис дода шуд, ки дар мувофиқа бо Раиси комиссия ба кори худ оғоз менамояд.          

Ҷузъиёти лоиҳа “Такмили меъёрҳои роҳ ва ислоҳоти институтсионалии соҳаи роҳ”

8 июли соли 2016 байни Вазорати нақлиёт ва ширкати “Корпорэйт Солюшнз Консалтинг Лимитед (Британияи Кабир)” доир ба татбиқи ҷузъиёт “Такмили меъёрҳои роҳ ва ислоҳоти институтсионалии соҳаи роҳ” қарордод ба маблағи 0,500 млн.Евро (0,554 млн.дол.ИМА) ба имзо расид. Корҳо аз ҷониби ширкат моҳи декабри соли 2017 ба анҷом расиданд.

Б. Қитъаи роҳ аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии ш.Душанбе (ғайр аз чорроҳаи шаҳраки 82)

- маблағи умумӣ: 55,0 млн. доллари ИМА, аз ҷумла:

қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) – 27,5 млн.дол.ИМА

• қарзи Бонки Осиёгии Сармоягузории Инфрасохторӣ– 27,5 млн.дол.ИМА

 маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ: 40,316 млн.дол.ИМА (74%)

- шарҳи лоиҳа: Азнавсозии роҳ аз км 0+000 то 1+200 ва аз км 1+900 то 4+960” бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа дар буриши хиёбони Н.Махсум бо хиёбони А.Сино, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н.Махсум бо кӯчаи Шамсӣ, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н.Махсум бо хиёбони Б.Ғафуров

- машваратчӣ: Ширкати Эптиса (Испания)

- паймонкор: Ширкати Ксинҷиянг Коммуникейшн Констракшн (Хитой)

- муҳлати корҳои сохтмонӣ: март 2018 – март 2020

- шумораи кормандон: 37 нафар: маҳаллӣ-32н.(86%), хориҷӣ-5н.(14%)

- шумораи техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ: 4 адад

Санаи 23 июни соли 2020 бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор Комиссияи корӣ таъсис дода шуда, қабули пешакии иншоот гузаронида шуд.

10 июли соли 2020 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони БАТР ифтитоҳи иншоот гузаронида шуд. Айни ҳол аз тарафи паймонкор бартарафкунии камбудиҳои ошкоргардида идома дорад.