• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.11.2020 

- маблағи умумии лоиҳа: 90,36 млн.дол.ИМА, аз ҷумла;

• қарзи Бонки Исломии Рушд – 14,86 млн.дол.ИМА

• қарзи Фонди Саудии Рушд – 30,0 млн.дол.ИМА

• қарзи Фонди Қувейтии Рушди Иқтисодии Араб – 25,5 млн.дол.ИМА

• қарзи Фонди ОПЕК – 10,0 млн.дол.ИМА

• саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 10,0 млн.дол.ИМА

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ: 23,966 млн.дол.ИМА (26,5%)

- машваратчӣ: Дохва Инжиниринг (Корея)

- паймонкорон:  Чайна Стейт Констракшн Ксинҷианг Констракшн Инҷиниринг Груп (Хитой)   

Корпоратсияи хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо (Чайна Роуд) (Хитой)

- муҳлати иҷрои корҳо: оғозфеврал 2018, анҷом – феврал 2022

- шумораи кормандон: 580 нафар: маҳаллӣ-492н.(85%), хориҷӣ 88н.(15%)

- шумораи техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ: 234 адад

- шарҳи лоиҳа: сохтмони 58 км роҳ, сохтмони 4 адад пул бо дарозии 111м ва таҷдиди 2 адад пул бо дарозии 66м, сохтмони 1 адад нақб бо дарозии 360м, харидории техникаҳо ва таҷҳизотҳо ва сохтмони пойгоҳи тарозу барои баркашии мошинҳои боркаш.

Қитъаи “А” роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Ш.Шоҳин

-  Корҳои заминӣ ба миқдори 2422598м3;

- Корҳои сохтмонӣ дар 2 пул идома доранд;

- Қубурҳои оҳану бетонӣ дар ҳаҷми 2355,83м3 (680,73м) ва такядеворҳо дар ҳаҷми 2940 м3 (1127,55м) сохта шудаанд;

- Сохтмони бинои дуошёнаи маъмурӣ ва ҷои зисти муҳандисон ва инчунин, сохтмони бинои озмоишгоҳ дар ҳудуди МДНРА-и шаҳри Кӯлоб пурра ба анҷом расида, ба истифода супорида шуд;

- Васлу насби коргоҳи бетонистеҳсолкунӣ, коргоҳи сангмайдакунӣ ва заводи истеҳсоли мумфарш ба анҷом расида, истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шудааст.

- Сохтмони таҳкурсии роҳ дар ҳаҷми 29286м3 ва мумфарши қабати поёни роҳ дар ҳаҷми 3812,81м3 хобонда шуд.

- Истеҳсоли маснуоти оҳану бетонӣ аз тарафи Пудратчӣ давом дошта, 7833м бордюр ва 9333м ҷуйборҳои оҳану бетонӣ васл карда шудааст;

- Истеҳсол ва захираи сангреза барои таҳкурсии роҳ идома дорад. Миқдори кофии арматураи сохтмонӣ ва мум харидори карда шуд ва ба иншоот ворид гардид;

- Аз ҳудуди қитъаҳои роҳи таҷдидшаванда, корҳои кучонидани коммуникатсияҳои муҳандисӣ идома доранд, аз ҷумла: 6795м хатҳои алоқа,       1400м қубурҳои газгузар кучонида шуд ва 8640м қубурҳои обёрӣ гузаронида шудааст. Инчунин, корҳо оид ба кучонидани хати обпарто 1297м ва хати барқ 1455м дар қитъаи шаҳри Кӯлоб иҷро шуданд.

Қитъаи “F” роҳи автомобилгарди Шкев-Қалъаихумб

-  Корҳои заминӣ ва таркишӣ бо миқдори 667446м3;

- Сохтмони такядеворҳои бетонӣ идома дошта, ҳаҷми корҳои иҷрошуда 8739м3 баробар аст;

- Сохтмони бинои дуошёнаи маъмурӣ ва ҷои зисти муҳандисон ва инчунин, сохтмони бинои озмоишгоҳ дар ҳудуди МДНРА-и Дарвоз пурра ба анҷом расида, ба истифода супорида шуд;

- Васлу насби коргоҳи бетонистеҳсолкунӣ ва коргоҳи сангмайдакунӣ ба анҷом расида, истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Насб ва ба кор даровардани заводи истеҳсоли мумфарш дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад;

- Истеҳсоли маснуоти оҳану бетонӣ оғоз ёфта идома дорад;

- Истеҳсол ва захираи сангреза барои таҳкурсии роҳ идома дорад. Миқдори кофии арматураи сохтмонӣ ва мум харидори карда шуд ва ба иншоот ворид гардид;

- Аз ҳудуди қитъаҳои роҳи таҷдидшаванда, корҳои кучонидани коммуникатсияҳои муҳандисӣ идома доранд, аз ҷумла кучонидани хатҳои барқ ва алоқа;

- Сохтмони қубурҳои обгузар идома дошта, дар ҳаҷми 930м3 иҷро гардидаанд;

- Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳаҷми 4475м3 ичро шудаанд.