• Tajik
  • Русский
  • English

                                                        Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.11.2020

- маблағи умумӣ:  76,9 млн.доллари ИМА, аз ҷумла;

• гранти Бонки Осиёгии Рушд – 70 млн. доллари ИМА

• саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6,9 млн. доллари ИМА

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ: 73,097 млн.дол.ИМА (95%)

- шарҳи лоиҳа: таҷдиди роҳи Восеъ-Ховалинг (88 км), асфалтхобонии қабати дуюм дар қитъаи Сайрон-Қарамиқ (89 км), таҷдиди роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг (43 км), таъмиру барқарорсозии 12 адад пул, 4 адад пул аз ҳисоби лоиҳаи Кангурт-Балҷувон-Ховалинг, таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар минтақаи лоиҳа (30 км), таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт (таъмини қувваи барқ ба минтақаҳои аҳолинишин ва деҳаҳои ҳамшафати роҳ, ки бо хатти интиқоли барқ таъмин нашудаанд), нигоҳдории роҳ дар асоси нишондиҳандаҳои сифат (177 км), лоиҳакашӣ, назорат ва идораи лоиҳа, аудит.

А. Таҷдиди роҳи Восеъ-Ховалинг (31,78 млн.дол.ИМА)

- машваратчӣ: Ширкати СМЕК (Австралия)       

- паймонкор: Ширкати Синохайдро (Хитой)

- муҳлати корҳои сохтмонӣ: оғоз – январ 2014, анҷом - июл 2017

22.06.2018с. иншоот аз ҷониби Комиссияи давлатӣ қабул гардида, санади комиссия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №135 тасдиқ гардид.

Ҷузъиёти лоиҳа “Таъмири роҳҳои маҳаллӣ”

Таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Восеъ 15 км ва дар ноҳияи Ховалинг 15 км аз ҷониби ҶДММ “Аркони соҳибкор” анҷомёфта, бо фармоиши Вазорат 15.05.2019с. иншоот аз ҷониби Комиссияи корӣ қабул карда шуд. Бо фармоиши Вазорат аз 28.06.2019с. роҳҳои маҳаллӣ баъди таъмир ба истифода супорида шуданд.

Ҷузъиёти лоиҳа “Таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт (таъмини қувваи барқ ба минтақаҳои аҳолинишин ва деҳаҳои ҳамшафати роҳ, ки бо хатти интиқоли барқ таъмин нашудаанд)

Дар доираи татбиқи ҷузъиёти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Нури-2010” корҳои таъмини қувваи барқи офтобӣ пурра анҷом ёфта, тибқи фармоиши Вазорати нақлиёт аз 12.12.2017с., №291 аз ҷониби Комиссияи корӣ 15.12.2017с. қабули пешакии иншоот гузаронида шуд. 26.09.2018с. иншоот аз ҷониби Комиссияи давлатӣ қабул карда шуд.

Ҷузъиёти лоиҳа “Нигоҳдории роҳ дар асоси нишондиҳандаҳои сифат”

Аз ҷониби ҶДММ “Данғарасохтмон-10” нигоҳдории қитъаи Сайрон-Қарамиқ ва аз ҷониби ҶДММ “Шоҳроҳ-2016” нигоҳдории роҳи Восеъ-Ховалинг идома доранд.

- шумораи кормандон: 39 нафар маҳаллӣ.

- шумораи техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ: 14 адад

Б. Асфалтхобонии қабати дуюми болопӯши роҳ дар қитъаи Сайрон-Қарамиқ (12,54 млн.дол.ИМА)

- машваратчӣ: Ширкати СМЕК (Австралия)

- паймонкор: Ширкати Топ Интернэшнл Инджиниринг(Хитой)

- муҳлати корҳои сохтмонӣ: оғоз – сентябри 2014, анҷом – декабри 2017

30.01.2018с. аз ҷониби Комиссияи корӣ қабули пешакии иншоот гузаронида шуда, 04.07.2019с., аз ҷониби Комиссияи давлатӣ қабул гардид.

Бо фармоиши Вазорати нақлиёт аз 15.08.2019с., №169 иншоот ба истифода дода шуд.

В. Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг (16,51 млн.дол.ИМА)

- машваратчӣ: Ширкати СМЕК (Австралия)

- паймонкор: Корпоратсияи хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо (Чайна Роуд)

- муҳлати корҳои сохтмонӣ: оғоз – майи 2018, анҷом – октябри 2019

06.08.2019с. бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони БОР ифтитоҳи иншоот гузаронида шуд.

Иншоот 17.09.2019с. аз ҷониби Комиссияи корӣ қабул гардида, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №85-ф аз 27.10.2020с. Комиссияи давлатӣ таъсис дода шуд, ки дар мувофиқа бо Раиси комиссия ба кори худ оғоз менамояд.               

14 феврали соли 2020 байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва ҶДММ “Сино-2017” барои роҳи Кангурт-Балҷувон-Ховалинг шартнома оид ба нигоҳдории роҳ дар асоси нишондоди сифат ба имзо расида, айни ҳол нигоҳдории роҳ аз тарафи пудратчӣ ҷараён дорад.

Шумораи коргарон – 17 нафар. Шумораи техника – 5 адад.