• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.11.2020 

- маблағи умумии лоиҳа: 20,444 млн.дол.ИМА, аз ҷумла:

• гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ 8,731 млн.дол.ИМА

• қарзи Бонки Умумиҷаҳонӣ 11,713 млн.дол.ИМА

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ: 5,257 млн.дол.ИМА (26%)

- машваратчӣ: ШМ “Донсунг Инжиниринг Ко., Лтд” (Корея) ва ҶДММ “Валӣ” (Тоҷикистон)

- паймонкор: Барои Лоти 1 - Корпоратсияи хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо (Чайна Роуд) (Хитой)

                      Барои Лоти 2 - Корпоратсияи хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо (Чайна Роуд) (Хитой)

- муҳлати иҷрои корҳо:

Лоти 1: оғоз – декабри 2019, анҷом – июн 2021

Лоти 2: оғоз – апрел 2020, анҷом – октябрӣ 2021

- шумораи кормандон: 204 нафар: маҳаллӣ-186н. (91%), хориҷӣ-18н.(9%)

- шумораи техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ: 58 адад

- шарҳи лоиҳа: сохтмони 17 адад пул дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоби ВМКБ, инчунин харидории техника ва таҷҳизоти нигоҳдории роҳ.

Тибқи лоиҳа, сохтмони 2 адад пул дар ноҳияи Дарвоз, 8 адад дар ноҳияи Ванҷ, 3 адад дар ноҳияи Рӯшон ва 4 адад дар ноҳияи Мурғоб пешбинӣ шудааст.

Айни замон, дар ноҳияи Ванҷ дар доираи Лоти 1 сохтмони бинои хобгоҳ, идора ва озмоишгоҳ пурра ба итмом расиданд. Дар ноҳияи Рӯшон дар доираи Лоти 2 сохтмони биноҳои хобгоҳ, идора ва озмоишгоҳ барои мушовирон идома дорад.

Дар маҳалли сохтмони пули №1 (Лоти 1) дар ноҳияи Ванҷ (водии Язғулом)  корҳои омодагӣ идома доранд.

Дар маҳалли сохтмони пули №2 (Лоти 1) дар ноҳияи Ванҷ (водии Язғулом)  корҳои заминӣ 10%, тоза кардани қабати ҳосилхез 100%, омода кардани ҷой барои пояҳои пул 100% ва корҳои бетонрезии 2 адад пояҳои пул 100% иҷро шудаанд.

Дар маҳалли сохтмони пули №3 (Лоти 1) дар ноҳияи Ванҷ (водии Язғулом)  омода кардани майдони сохтмонӣ 100%, корҳои заминӣ 47% ва омода кардани ҷой барои пояҳои пул 50% иҷро шудаанд.

Дар маҳалли сохтмони пули №4 (Лоти 1) дар ноҳияи Ванҷ (воқеъ дар қитъаи роҳи автомобилгарди Ванҷ-Техарв) корҳои омодасозии майдони сохтмонӣ 100%, тоза кардани қабати ҳосилхез 93,38%, корҳои заминӣ 48% ва корҳои бетонии пояҳои пул 100% иҷро шудаанд.

Дар маҳалли сохтмони пули №6 (Лоти 1) дар ноҳияи Ванҷ (ҷамоати Техарв) корҳои хокканӣ 12%, корҳои заминӣ 15%, тоза кардани қабати ҳосилхез 36% ва омода кардани ҷой барои пояҳои пул 50% иҷро шудаанд.

Дар маҳалли сохтмони пули №7 (Лоти 1) дар ноҳияи Ванҷ (воқеъ дар қитъаи роҳи автомобилгарди Ванҷ-Техарв) корҳои заминӣ 14% ва тоза кардани қабати ҳосилхез 100%, васлу насби қубури обгузар 100%, ва корҳои соҳилмутаҳкамкунӣ 13% иҷро шудаанд.

Дар маҳалли сохтмони пули №9 (Лоти 1) дар ноҳияи Рӯшон (воқеъ дар қитъаи роҳи автомобилгарди Рӯшон-Хоруғ) корҳои омодасозии майдони сохтмонӣ 100%, сохтмони роҳи таворавӣ 100%, буридани дарахтон 100%, бартараф намудани мумфарши мавҷуда 100%, бартараф намудани қабати ҳосилхез 100%, бартараф намудани деворҳои сангини атрофи пул 100%, бартараф намудани тахтасангҳои бетонии пул 100%, тоза кардани оброҳа 80%, ва корҳои бетонрезии пояҳои пул 100% иҷро шудаанд.

Дар маҳалли сохтмони пули №14 (Лоти 2) дар ноҳияи Дарвоз (воқеъ дар қитъаи роҳи автомобилгарди Ш. Шоҳин-Дарвоз) корҳои омодасозии майдони сохтмонӣ 100%, корҳои тозакунии оброҳа 100%, роҳи мувақатӣ 100% ва бартараф кардани пули мавҷуда 90% иҷро шудаанд.

Дар маҳалли сохтмони пули №15 (Лоти 2) дар ноҳияи Дарвоз (воқеъ дар қитъаи роҳи автомобилгарди Ш. Шоҳин-Дарвоз) корҳои ҷустуҷӯӣ ва заминӣ идома доранд.

Ба ҳолати 31 октябри соли 2020 дар доираи Лоти 1 ба маблағи 22 172 194.83 аз ҷумла ва Лоти 2 ба маблағи 23 849 404,05 сомонӣ корҳо иҷро шудаанд.

Ҷиҳати хариди таҷҳизот ва лавозимоти идоравӣ барои идораи машваратчиён 26 октябри соли 2018 ба ГТЛ аз 3 ширкати таҳвилгар даъвати дархости молиявӣ дастрас шуд. 9 ноябри соли 2018 пешниҳодҳои қабулшуда баҳогузорӣ гардида, дар натиҷа 14 ноябри соли 2018 қарордод бо СИ "Абдуҷаборов Хуршидҷон Абдумаджидович" ба маблағи 67946,00 сомонӣ ба имзо расид. Таҳвилгар ҳамаи  таҷҳизот ва лавозимоти идоравиро дастрас намуд.

24 августи соли 2018 эълон барои пешниҳоди “Изҳори ҳавасмандӣ” дар доираи бастаи «Хизматрасониҳои мушовирӣ оид ба назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар сомонаҳои Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сомонаи Development Business, СММ дар Тоҷикистон ва дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гардид. Муҳлати ниҳоии пешниҳоди “Изҳори ҳавасмандӣ” 14.09.2018с. муайян шудааст. Баъд аз баҳогузории пешниҳодҳо ва таҳияи  рӯйхати кӯтоҳ дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳисобот ва рӯйхати кӯтоҳи 6 ширкати ба рӯйхат шомилшуда, тавассути системаи “СТЕП” барои мувофиқа ва розигӣ ба Бонки Умумиҷаҳонӣ ирсол карда шуд.

22 октябри соли 2018 Бонки Умумиҷаҳонӣ розигии худро нисбати ҳисоботи баҳодиҳӣ пешниҳод намуд. 29 октябри соли 2018 лоиҳаи “Дархост оид ба пешниҳодҳо (RFP)” ба Бонк барои мувофиқа ва розигӣ ирсол карда шуд.

7 ноябри соли 2018 ба мушовирони ба рӯйхати кӯтоҳ воридгардида “Дархост оид ба пешниҳодҳо” ирсол гардид, ки муҳлати пешниҳоди ниҳоии ҳуҷҷатҳо тибқи дархости ширкатҳо то 21 декабри соли 2018 тамдид карда шуд.

27 ноябри соли 2018 Тағйироти №1 ба “Дархост оид ба пешниҳодҳо” ҷиҳати тамдиди муҳлати пешниҳодҳо то 21 декабри соли 2018 ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои баррасӣ ва тасдиқи он фиристода шуд. 28 ноябри соли 2018 аз ҷониби Бонк Тағйироти №1 тасдиқ гардид.      

21 декабри соли 2018 соати 10:00 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими кушодани пешниҳодҳои техникии ширкатҳои ба рӯйхати кӯтоҳ воридгардида баргузор гардид. Аз 6 ширкати ба рӯйхати кӯтоҳ воридгардида ҳамагӣ 5 ширкат иштирок карданд.

25 январи соли 2019 ҳисоботи арзёбии техникии ширкатҳои ба рӯйхати кӯтоҳ воридгардида барои мувофиқа ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ирсол карда шуд.

9 феврали соли 2019 ҳисоботи арзёбии пешниҳодҳои техникии ширкатҳо ба Бонк барои мувофиқа ирсол гардида, розигии Бонк санаи 4 марти соли 2019 дастрас шуд. Санаи 5 марти соли 2019 ба ҳамаи ширкатҳо мактуб оид ба кушодани пешниҳодҳои молиявӣ ирсол карда шуд. Санаи 19 марти соли 2019 расмиёти кушодани пешниҳодҳои молиявии 5 ширкат аз рӯйхати кӯтоҳ баргузор гардид. Ҳисоботи арзёбӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Бонк мувофиқа карда шуд.

18 апрели соли 2019 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласа оид ба арзёбии ҷамъбастии техникӣ ва молиявӣ ҷиҳати интихоби ширкати машваратчӣ барои назорати корҳои сохтмонӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа ширкати муштараки “Dongsung Engineering Co., Ltd” (Ҷумҳурии Корея) ва ҶДММ “Валӣ” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ғолиби озмун дониста шуд.

6 майи соли 2019 дар Вазорати нақлиёт гуфтушунидҳои қарордодӣ бо ширкати муштараки “Dongsung Engineering Co., Ltd” (Ҷумҳурии Корея) ва ҶДММ “Валӣ” (Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки холҳои зиёдро ба даст оварда буд, баргузор гардид.

7 майи соли 2019 Протоколи гуфтушунидҳо ва лоиҳаи қарордод ба Бонк барои мувофиқа ва гирифтани розигӣ ирсол гардида, санаи 14 майи соли 2019 розигии Бонк нисбати лоиҳаи қарордод дастрас шуд ва дар натиҷа 15 майи соли 2019 қарордод ба имзо расид.

21 майи соли 2019 маълумот оид ба бастани қарордод дар сомонаи Вазорати нақлиёт ва сомонаи Development Business тавассути системаи СТЕП нашр карда шуд.

24 августи соли 2018 ҳуҷҷатҳои озмунӣ ҷиҳати харидории корҳои сохтмонӣ ба Бонк барои мувофиқа ва розигӣ ирсол карда шуда, 6 сентябри соли 2018 эродҳои Бонк нисбати ҳуҷҷатҳои озмунӣ дастрас шуданд. 4 октябри соли 2018 ҳуҷҷатҳои озмунӣ бо назардошти эроду пешниҳодҳо ба Бонк барои мувофиқаи такрорӣ ва розигӣ ирсол гардида, розигии Бонк ба онҳо санаи 14 октябри соли 2018 дастрас шуд.

25 феврали соли 2019 озмун ҷиҳати харидории корҳои сохтмонӣ эълон карда шуд ва дар муҳлати ниҳоии пешниҳодҳо      25 апрели соли 2019  соати 15:00 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими кушодани пешниҳодҳои озмунӣ ҷиҳати харидории корҳои сохтмонӣ баргузор гардид. Барои Лоти 1 ҳамагӣ 5 ширкат ва Лоти 2 ҳамагӣ 2 ширкат пешниҳодҳои озмунии худро манзур намуданд. 

13 июни соли 2019 ҳисоботҳои арзёбӣ барои мувофиқа ба Бонк ирсол карда шуданд ва санаи 21 июни соли 2019 эродҳои Бонк нисбати ҳисоботҳо дастрас карда шуд.

29 июли соли 2019 мактуб таҳти №1(8.1)-2447 ба унвони Вазири молия оид ба норасоии маблағ дар ҳаҷми 523,460,81 доллари ИМА барои Лоти 1 ва 3,004,497.53 доллари ИМА барои Лоти 2 бо сабаби кам ҳисоб шудани арзиши муҳандисии лоиҳа ирсол карда шуд.

Ҳамзамон, санаи 30 июли соли 2019 мактуб таҳти №2(8.1)-2477 ба унвони Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағгузории рушди деҳот”-и назди Вазорати молия оид ба ҷудо намудани маблағи 523,460,81 доллари ИМА барои Лоти 1 ва 3,004,497.53 доллари ИМА барои Лоти 2 ирсол карда шуд.

Тибқи эродҳои Бонк ҳисоботи баҳодиҳӣ барои Лоти 1 аз нав такмил дода шуд ва қарор қабул гардид, ки қарордод бо иштирокчии ба талаботҳои тахассусӣ ҷавобгӯй ва нархи камтарин пешниҳод намуда, яъне ширкати «Корпоратсияи хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо» баста шавад.

Ҳисоботи такмилдодашудаи Лоти 2 ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои тасдиқи зид набудан пешниҳод карда шуда санаи 12 сентябри соли 2019 розигии Кумита дастрас шуд.

Бо назардошти он ки маблағи баъди аз азнавтақсимкунӣ ҷудонамуда барои Лоти 2 фарогири ҳама хароҷотҳо набуд, аз ҷониби Комиссияи арзёбӣ қарор қабул карда шуд, ки ҳамаи пешниҳодҳоро рад карда пешниҳодҳо аз нав таҳлил карда шаванд.

Ҳисоботҳои такмилдодашудаи Лоти 1 ва Лоти 2 санаи 13 сентябри соли 2019 ба Бонк барои дида баромадан ирсол карда шуданд.

16 сентябри соли 2019 розигии Бонк ҷиҳати ба имзо расонидани қарордод барои Лоти 1 бо ширкати «Корпоратсияи хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо» дастрас гардид.

17 сентябри соли 2019 ба ширкати «Корпоратсияи хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо» мактуб оид ба қабули пешниҳод ирсол карда шуд.

9 октябри соли 2019 қарордод дар доираи Лоти 1 оид ба сохтмони 9 адад пул дар ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшони ВМКБ байни Вазорати нақлиёт ва Корпоратсияи хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо ба имзо расид.

18 сентябри соли 2019 Бонк нисбати Лоти 2 эродҳои худро пешниҳод намуд, ки дар ин асос рад намудани пешниҳодҳои ширкатҳоро аз ҷониби Комиссияи арзёбӣ ва аз нав гузаронидани озмунро қобили қабул надонист. Аз ҷониби Бонк ба Фармоишгар тавсия дода шуд, ки ҷиҳати кам кардани ҳаҷми корҳо бо иштирокчии нархи паст пешниҳоднамуда гуфтушуниди қарордодӣ гузаронад ё маблағи норасоиро ҷудо намояд. Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2019, №16700 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ масъалаи мазкурро бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди худро ирсол намуд.  

Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 декабри соли 2019 дархост оид ба гузаронидани гуфтушуниди қарордодӣ дар доираи Лоти 2 ба  Бонки Умумиҷаҳонӣ ирсол гардида, санаи 16 декабри соли 2019 розигии Бонк дастрас карда шуд.

19 декабри соли 2019 гуфтушуниди қарордодӣ бо иштирокчии нархи паст пешниҳоднамуда, яъне Корпоратсияи хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо гузаронида шуд.

Дар натиҷаи гуфтушунид қарор қабул карда шуд, ки бо мақсади аз доираи буҷет набаромадан ҳаҷми корҳо, аз ҷумла 1 адад пул дар ноҳияи Рӯшон кам карда шавад.

16 январи соли 2020 қарордоди №SCINHP/W-ICB-02 дар доираи Лоти 2 бо Корпоратсияи Хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо ба имзо расид.