• Tajik
  • Русский
  • English


Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ изҳори нигаронӣ кард, ки новобаста аз он, ки тамоми корхонаву муассиаҳои Вазорати нақлиёт тибқи нақшаи тасдиқшуда бо маводи зиддилағжишу техникаи роҳнигоҳдорӣ таъминанд, вале аз хунукназарии мутасаддиён ҳолатҳои сари вақт тоза нагардидани роҳ аз барф ба мушоҳида мерасад, ки ин боиси банд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе минтақаҳо мегардад.

Вазир изҳор дошт, ки сардиҳои зимистон нав оғоз шуданд ва тибқи пешгўии мутахассисони обуҳавошиносӣ дар пеш боришоту сардии аз ин ҳам зиёдтар пешбинӣ гардидааст ва мо бояд ҳар дақиқа омода бошем, то ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо таъмин бошад. Ба масъулини соҳа қатъиян супориш дода шуд, ки пайваста дар ҳолати омодабош қарор дошта, техникаву механизмҳои роҳнигоҳдорӣ бояд пайваста омодаи кор бошанд. Барои ба саҳлангорӣ роҳ додан ва бо айби муассисае агар ҳаракати нақлиёт дақиқае банд гардад, мутасаддиён ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, - гуфт вазир.

Дар ин иртибот барои саривақт тоза накардни роҳ ва истифода набурдани  маводи зиддилағжиш дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Қалъаихум- Хоруғ, дар минтақаи Ваҳдат – Норак, ки боиси банд гардидани ҳаркати нақлиёт шуд, сардори ИХРА-и минтақаи Ҳисор Самад Салим аз вазифа озод гардида, ба сардори МДНРА – и ноҳияи Ваҳдат Карим Расулов ва сардори шуъбаи банақшагирии Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо Эгамбердӣ Хӯҷаев танбеҳ дода шуд.

Вазири нақлиёт ҳамчунин аз он изҳори норозигӣ кард, ки новобаста аз он ки шахсан бо роҳбарони корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ вохўрӣ намуда, барои ба зимистонгузаронӣ омодагӣ дидан дастурҳо дода буд, вале ҳанўз ҳам на ҳамаи ҷамъиятҳо ба ин масъала ҷиддӣ муносибат мекунанд. Ҳанўз ҳам ронандаҳо бе омодагӣ ба зимистон, яъне бо чархҳои тобистона (капронӣ), бе занҷиру бел ва ҳатто бе омода будани мошинашон ба зимистон ба сафар мебароянд. Воситаи нақлиёташон дар роҳ ё вайрон мешавад ё ба ағабаҳо баромада натавониста, ҳаракати нақлиётро банд мекунад. Баъзан дар ин масъала нозирони роҳ ҳам хунукназарӣ мекунанд.

Вазир дар ин робита ба масъулини соҳа супориш дод, ки кормандони ХДНТ дар соҳаи нақлиёт дар ҳамкорӣ бо нозирони БДА бояд дар ин маврид чораҷўӣ намуда, мошинҳои ба зимистон омода набударо қаблан огоҳ намоянд. 

Бояд қайд кард, ки ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” Вазорати нақлиёт нақшаи чорабиниҳоро оид ба сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 бо Фармоиши №82 аз 17 апрели соли 2020 тасдиқ намуда, Ситоди фаврии доимоамалкунанда таъсис дода шуд.

  Дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо бо назардошти бақияи мавсими гузашта маводи зиддилағжиш, сўзишвории дизелӣ ва ҳезум харид ва захира карда шудааст.

Барои фаъолияти мунтазам ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо дар ин давра дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 548 техника омода карда шудаанд.

Аз ҳисоби техникаҳои ин муассисаҳо 11 гуруҳи зудамал ташкил карда шудааст ва дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳангоми ҳолатҳои фавқулода сафарбар мегарданд. Новобаста аз ин, аз ҷониби Вазорат барои таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳҳо ва ағбаҳо аз ҳисоби роҳбарият ва кормандони масъули соҳа гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.

Ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашудаи Вазорат либосҳои махсус ва пойафзолҳои корӣ ҷудо карда шудааст.

“Нақлиёт”