• Tajik
  • Русский
  • English

 Бар асари селфарои пайиҳам дар дарёчаи Барсемдара санаҳои 17-18 уми июл,  маҷрои дарёи Ғунд дар километри 638-  уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ- Мурғоб-Қулма баста шуда, сатҳи оби дарё 25-30 метр баланд гардида, хонаҳои  истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ дар деҳаҳои Бердибекобод, Колхозобод ва Барсем зери об монданд.

 Тибқи маълумоти охирин, 3,5 км  шоҳроҳи байналмилалӣ, 12 км  роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи  байни деҳаҳо ва чор  адад пул (ду адад пули нақлиёт гузар, ду адад пули  пиёдагузар пурра хароб гаштанд.