• Tajik
  • Русский
  • English

Шаби 6 – уми апрели соли равон дили яке аз маҳбубу маъруфони мо Сардор Раҳдор аз тапиш монд.

Аз даргузашти бемаҳали ин марди накуном Роҳбарият ва кулли кормандони Вазорати нақлиёт, аҳли қалами «Нақлиёт», ёру дӯстон, шогирдон ва пайвандон сахт андуҳгин буда, аз даргоҳи Худованд барои руҳи покаш дар Равзаи Ризвон макони ободи ахират хоҳонанд.  

Дилбоваров Сардор Раҳдорович (Сардор РАҲДОР)4 ноябри соли 1954 дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили факултаи филологияи ДДТ. Ду сол дар мактаби Йэмси ноҳия омӯзгорӣ карда, солҳои 1979-1981 мудири радиои маҳаллӣ ва мухбири рӯзномаи «Овози Дӯстӣ»-и ноҳияи Рӯшон, аз соли 1981 то 1984 чун афсари низомӣ дар Тошканд ва Кобул адои хидмати ҳарбӣ кард. Солҳои 1986-1989 дар Созмони Демократии Ҷавонони Афғонистон кор карда, аз соли 1989 то 1992 хабарнигори рўзномаи «Пайғоми Рӯшон», солҳои 1995 - 2010 ба ҳайси корманди бахши маърифати Хазинаи Оғохон дар Хоруғ ва Душанбе фаъолият намудааст. Дар шаҳрҳои Маскав, Тошканд, Дубай, Лондон такмили тахассус кардааст. Аз соли 2010 муҳаррири калони ҳафтавори «Нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ буд. Барои хидматҳои ҳарбияш бо медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон ва барои хидмати мулкӣ-дипломатӣ бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР мукофотонида шудааст. Дорандаи нишони сарисинагии «Роҳсози фахрӣ».

Ба забони помирӣ (шуғнонӣ-рӯшонӣ) ва тоҷикӣ шеър мегуфт. Ашъораш дар маҷмуаҳои «Номус» соли 1991, «Ҷўёи нур» 2004, «Толиби дидор» 2009, «Мод зивь»(2 қисм), 2011,  «Адьувҷин созен» соли 2019 ба табъ расидаанд. Ҳамчунин муаллифи чаҳор маҷмуа барои тифлон ба забони рӯшонист.

Узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон. Як қатор овозхонон ашъори ӯро тариқи садову симо месароянд. Дар мавзуҳои этимологияву сайри таърихии вожаҳои тоҷикӣ низ пажуҳишҳо кардааст. Дар тӯли фаъолияташ дар «Нақлиёт» беш аз 1000 мақолаву гузориш ба табь расонидааст.