• Tajik
  • Русский
  • English

Рӯзи 16 октябри соли равон  вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбари  (JICA) Такасака Мунео мулоқот намуд.

Нахуст, вазири нақлиёт роҳбари тозатаъиншудаи JICA – ро барои ба ин вазифа таъин гардиданашон табрик гуфта, барори кор орзӯ намуд, баъдан аз ҳамкориҳои судманд  бо Агентии мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки соҳаи нақлиёт дар ҳамкорӣ  бо JICA  корҳои зиёдро анҷом дода,  зина ба зина онҳоро вусъат мебахшад.  Боиси тазаккур аст, ки  корҳои муҳими анҷомдода  татбиқи 6 лоиҳаи барқарорсозии роҳҳои автомобилгардро дар бар мегиранд. Ҳамчунин  дар доираи кумаки техникӣ Лоиҳаи «Беҳтарсозии нигоҳдории роҳ» низ татбиқ гардид, - изҳор дошт Вазир ва дигар корҳои анҷомдодаро ном бурда, аз вусъати ҳамкориҳои минбаъда изҳори умед намуд.

Ҷаноби Такасака Мунео низ аз ҳамкориҳои судманди  чандинсола бо соҳаи нақлиёт изҳори хушнудӣ намуда, гуфт, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳоро идома хоҳем дод.

Баъди анҷоми мулоқот ҷонибҳо  Протоколи муҳокимаи Лоиҳаи “Рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии пулҳо” - ро ба имзо расонданд.

Вазири нақлиёт иттилоъ дод, ки дар тавозуни Вазорати нақлиёт 2 ҳазору 252 пул мавҷуд аст, аммо шумораи пулҳо дар ҷумҳурӣ хеле зиёд мебошад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод намуданд, ки дар доираи лоиҳаи зикршуда хуб мешуд, агар ба он ҳамаи пулҳои кишвар фаро гирифта шаванд.