Рӯзи 16 сентябри соли равон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд тариқи онлайн (видеоконфронс) мулоқот доир намуд.
Зимни мулоқот масоили татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардиданд.
Вазири нақлиёт аз ҳамкориҳои судманд бо бонки мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки соҳаи нақлиёт бо БАТР ҳанўз аз соли 2001- ум ҳамкориҳоро оғоз карда, зина ба зина онҳоро вусъат бахшид. Вазир ҳамчунин барои вусъати ҳамкориҳои минбаъда як қатор лоиҳаҳоро барои баррасӣ пешниҳод намуд.
Сардори намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова низ аз ҳамкориҳои судманди чанди сола бо соҳаи нақлиёт изҳори хушнудудӣ намуда, гуфт, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳоро идома хоҳем дод. Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки дар бисёр давлатҳо бо роҳи оҳан ҳамкориҳо доранд ва хуб мешуд, агар дар оянда бо Роҳи оҳани Тоҷикистон низ ҳамкориҳоро ба роҳ монем.