• Tajik
  • Русский
  • English

   Дар хабари «Бе нишонаи беҳбуд. Робитаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамоно сард мемонанд», (муаллиф Искандари Фирўз), ки рўзи 27 сентябри соли равон дар сомонаи «Радиои озодӣ» нашр шудааст, омадааст, ки «Хандонгул Доробова, сардабири “Нақлиёт”, нашрияи расмии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта гуфт, "номаи расмӣ фиристода, хоҳони кушодани марз барои равоуи мошинҳо шудем, вале ҷавоб нагирифтем. Ба ҳар сурат, Тоҷикистон омода аст, ки ҳаракати озоди мошинҳои ду кишварро таъмин кунад."

   Дар робита ба ин иттилоъ медиҳем, ки оид ба ин масъала ба Радиои Озодӣ аз ҷониби Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нақлиёт» маълумот дода нашудааст ва Вазорати нақлиёт дар ин бора ба ягон ҷо нома равон  накардааст. Маълумоти дар сомонаи Радиои Озодӣ омада асоси воқеӣ  надорад.