• Tajik
  • Русский
  • English

  Чанде қабл дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо Котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикитсон Ҷагдип Капур ва роҳбари ширкати роҳҳои сарҳадии Ҳиндустон Амит Горей баргузор гардид.

  Ин ширкат дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон масъули “Сохтмони роҳи автомобилгард аз дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут”-ро ба ӯҳда дорад. Дарозии умумии ин қитъаи роҳ 9,2 км-ро ташкил дода дар он сохтмони як адад пул аз болои канали Ҳисор бо дарозии 42,7 метр, як гузаргоҳ бо дарозии 175,1 м аз болои истгоҳи роҳи оҳани Душанбе-2, ду роҳои ҳалқавӣ, 39 иншооти сунъии хурд ва дигар шабакаҳои муҳандисӣ ба нақша гирифта шудааст.

  Роҳбари ширкати Ҳиндустонӣ иттилоъ дод, ки ин аввалин лоиҳаест, ки дар самти сохтмони роҳҳои автомобилгард онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда истодаанд ва аз оғози лоиҳа то имрӯз корҳои омодасозии асоси роҳ барои пӯшонидани асфалт асосан ба анҷом расонида шуда, 15% қитъаи роҳи банақшагирифташуда асфалтпуш карда шудааст. Бо мақсади сари вақт ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ширкати ҳиндустонӣ пешниҳод намуд, ки мушкилоти вобаста ба бартараф кардани монеаҳои мавҷуда бояд ҳарчи зудтар аз тарафи масъулин бартараф карда шаванд.

  Вазири нақлиёт пешниҳодҳои ширкати ҳиндустониро вобаста ба мушкилоти татбиқи лоиҳа қабул намуда, қайд кард, ки дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати бартараф кардани онҳо дар кутоҳтарин муҳлат чораҳо тахассусӣ хоҳад андешид.

  Вазири нақлиёт изҳор намуд, ки ҳавасманд, ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ мебошад, аммо вусъат бахшидани корҳо набояд ба сифати иҷрои корҳои банақшагирифташуда таъсири манфӣ расонад.  Ҳамзамон тарафҳо вобаста ба арзиши лоиҳа ва имкониятҳои масрафи сармоя изҳори ақида намуда ба хулосае омаданд, ки айни замон пешгӯӣ кардани ҳаҷми сармояи масрафшаванда имкон надорад ва  ин баъди 80% анҷом додани корҳои лоиҳавӣ имконпазир мегардад.

  Қайд карда шуд, ки дар ҳолати масраф гардидани сармоя он аз ҷониби ширкати ҳиндустонӣ барои таъмири дигар роҳҳои атрофи шаҳри Душанбе истифода хоҳад шуд. Татбиқи лоиҳа ноябри 2020 оғоз гардида, анҷоми он ноябри соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.