• Tajik
  • Русский
  • English

   Санаи 9 –уми марти соли равон Вазири нақлиёт бо намояндагони Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК) аз ҷумла муовини якуми раиси Кумита Зайко Сергей Владимирович ва Раиси Комиссия оид ба рушди нақлиёти байналмилалии ҳавоӣ Вдовенко Роман Анатолевич вохӯрӣ баргузор намуд.

   Дар вохӯрии мазкур масъалаҳо оид ба натиҷаи фаъолияти МАК ва  нақшаҳои иҷрошудаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсия баррасӣ шуданд.