• Tajik
  • Русский
  • English

   Санаи 26 майи соли равон вохўрии маҷозии вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо ҳайати мутахассисони Бонки Осиёии Рушд оид ба рушди нақлиёти шаҳрӣ Ллойд Фредерик Райт,  Бертран Гоулу ва Фаррух Нуриддинов баргузор гардид.

Қайд гардид, ки ҳамкориҳои Вазорати нақлиёт бо Бонки Осиёгии Рушд аз соли 2000 оғоз гардида, дар ин муддат 12 лоиҳа бо дастгирии Бонк татбиқ карда шуданд.

          Бо дастгирии молиявии Бонки Осиёгии Рушд ду лоиҳа дар самти вилояти Хатлон, марҳилаҳои якум ва дуюми лоиҳаи Барқарорсозии роҳи автомобилгарди “Душанбе –Бохтар” татбиқ шуда, марҳилаи якуми лоиҳаи сохтмони роњи автомобилгарди “Обигарм - Нуробод” оғоз гардид ва айни замон аз ҷониби Паймонкор сафарбаркунии техникаву таҷҳизот ва ҳайати муҳандисону мутахассисон оғоз гардидааст.

          Вазири нақлиёт пешниҳод намуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ ба таваҷҷуҳи бештар ниёз дорад, зеро шаҳри Душанбе ба Мегаполиси минтақавӣ табдил ёфта, шумораи истиқоматкунандаи расмӣ дар шаҳр бештар аз 900 ҳазор нафарро ташкил мекунанд. Дар ин самт аз ҷониби КВД “Шаҳри ҳушманд” лоиҳаи рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ бо назардошти сохтмони роҳравҳо дар гузаргоҳҳо, васлу насби камераҳо ва дигар таҷҳизоти мушоҳидавӣ дар гузаргоҳҳо, пиёдарав, хиёбонҳо ва гулгаштҳо пешбинӣ шудааст. Дар ояндаи наздик барои таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёти шаҳрӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ сохтмони 10 пули (эстакада) се сатҳа зарур мебошад ва дар ин самт ҳамкориҳор бо Бонк тақвият хоҳем бахшид.  

          Намояндагони бонки мазкур омодагиро дар баррасӣ ва татбиқи лоиҳаҳои соҳаи нақлиёт ва таъмини рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ дар оянда низ байён намуданд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки пешниҳоди Бонк дар соли 2013 оид ба баррасии масъалаҳои танзими анбуҳи мусофирон, мушкилотҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва пешбинии масъалаҳои беҳтар гардонидани инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ ирсол гардида буд ва мо ҳоло ҳам омода мебошем, ки чунин намуд лоиҳаҳоро барои шаҳри Душанбе дастгирӣ намоем.

 

         

.