• Tajik
  • Русский
  • English

Вохӯрии вазир бо роҳдорон

        Рӯзи 28- уми ноябри соли равон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо масъулин ва кормандони соҳаи роҳдорӣ  аз ҷумла, сардорон ва мутасаддиёни Идораҳои хоҷагии роҳҳо, муассисоти нигоҳдории роҳҳо ва дигар масъулини соҳа вохӯрӣ анҷом дод.

Нахуст, муовини вазири нақлиёт Сироҷзода Шуҷоат оид ба омодагии муассисот ва корхонаҳои роҳдорӣ ба зимистон ва сардори раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт Аловиддин Аноятшоев оид ба фаъолияти соҳа дар 10 моҳи охир маърӯза намуд.

         Вазири нақлиёти кишвар  ҳозиринро таъкид намуд, ки дар иҷрои вазифаи масъулиятталаби хеш ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Зеро роҳҳо пайвандгари манотиқу кишварҳо буда, баҳри ба кишвари транзитӣ дар минтақа табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва тақвияти  иқтидорҳои транзитгузаронии он чун яке аз аҳдофи рушди кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст. Инчунин бояд зикр намуд, ки аз бунёду таҷдиди роҳҳо  нигоҳдории онҳо мушкилтар аст, аз ин лиҳоз роҳсозонро зарур аст, ки софдилона ва бо виҷдони пок вазифаҳои бардушдоштаро иҷро намоянд. Зеро чуноне, ки маълум аст, роҳҳо бо маблағҳои ҳангуфт ва машаққати зиёд сохтаву ба истифода дода мешаванд ва аз ин лиҳоз роҳдоронро ҳушдор дод, ки дар истифодаи техника ва маблағҳои барои таъмиру нигоҳдорӣ ҷудогардида эҳтиёткор бошанд. Ба қонуншиканиву хунукназарӣ роҳ надиҳанд ва ҳаракати бехатарии васоити нақлиёт тавассути роҳҳои мо таъмин ва новобаста аз барфу борон ва дигар ҳаводис роҳҳо боз бошанд.