• Tajik
  • Русский
  • English

 Санаи 9 марти соли 2021 байни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаласаи Гурӯҳи кории механизми муштарак дар робита ба таъмини интиқоли бемамонияти бор тавассути гузаргоҳи марзии “Кулма - Қаросу”, инчунин пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад ба таври маҷозӣ доир гардид.

         Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ, ҳайати Тоҷикистонро, ки иборат аз намояндагони вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти гумрук ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт буд, Вазири нақлиёт – Азим Иброҳим ва ҷониби Хитойро муовини якуми Раиси ноҳияи Мухтори Синзян Уйғур – Чжан Чунлин роҳбарӣ намуданд.

        Зимни вохурӣ ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои тавофуқи роҳбарони олӣ дар самти таъмини интиқоли бемамонияти бор тавассути гузаргоҳи марзии “Кулма - Қаросу” бо риояи пешгирӣ ва назорати эпидемия, ки фаъолияти гузаргоҳи мазкур барои таъмини рушди иқтисодии кишварҳо аҳамияти муҳим дорад, масъалаҳои ҷойдошта ва ҳалталабро баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор доданд.

          Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои ҷойдошта, ҷонибҳо ба мувофиқа  расиданд, ки барои ҳамлу нақли мунтазам ва самарабахш тавассути гузаргоҳи “Кулма - Қаросу” чораҳои заруриро роҳандозӣ  хоҳанд кард. Аз ҷумла, пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати паст намудани арзиши боркунию борфарорӣ дар гузаргоҳ, бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ ва истифодабарии ядак ва нимядак аз ҷониби ҳайати Хитой пазируфта шуд.