• Tajik
  • Русский
  • English

Рўзи 11-уми  марти соли равон дар Вазорати нақлиёт вохӯрӣ бо Котиби генералии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (долони байналхалқии нақлиётии “Аврупо-Кавказ-Осиё”) - Асет Асавбаев, ки ҳамчун котиби навтаъин ҷиҳати шиносоӣ ва боздид аз кишварҳои узви Комиссия ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, баргузор гардид.

Дар доираи мулоқот масъалаҳои фаъолияти КБҲ ТРАСЕКА дар солҳои охир, нақшаҳои кории КБҲ ТРАСЕКА барои 3 соли оянда, пешниҳодҳои Тоҷикистон барои беҳтар гардонидани долони налқиётии ТРАСЕКА ва эҳтиёҷ ба кумаки техникӣ ва ҳамкории ояндаро баррасӣ намуданд. Ҷаласаро муовини якуми вазири нақлиёт - Мирзозода Суҳроб  оғоз намуда, вобаста ба ҳамкориҳо дар доираи ин Барномаи байналмилалӣ, ки пайвандгари кишварҳои “Аврупо-Кавказ-Осиё” мебошад, инчунин масъалаҳои ҷойдошта дар самти таъмини рушд дар долонҳои нақлиётӣ ва мусоидат ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишварҳо ибрози ақида намуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Мирзозода Суҳроб бо мақсади таъмини рушди устувори соҳа ва долонҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд пешниҳодҳо ҷиҳати мусоидати Комиссияи ТРАСЕКА манзур гардид. Аз ҷумла, дар самти татбиқи амалии системаи борхати электронии СМR, гузаронидани таҳлил ва тадқиқот дар минтақа бо мақсади содагардонии раванди ҳамлу нақли байналмилалӣ ва убури сарҳадот, гузаронидани корҳои тадқиқотӣ ва пешниҳоди тавсияҳо дар самти татбиқи амалии Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст (Созишномаи Аврупоӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии борҳои хатарнок (ДОПОГ), Созишнома оид ба интиқоли байналмилалии маҳсулоти зудвайроншавандаи озуқа ва воситаҳои нақлиёти махсуси барои чунин интиқол таъингардида (СПС), Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мувофиқаи шартҳои назорати бор дар сарҳадот, инчунин омӯзиши ба истифодадиҳии коридори нави Тоҷикистон – Афғонистон -Эрон – Туркия.  Инчунин дар самти рушди долонҳои нақлиёти роҳи оҳан низ лоиҳаҳои афзалиятнок ва нақшаҳои таҳрезигардида пешниҳоди котиби генералии Комиссияи ТРАСЕКА гардиданд.

Инчунин, аз ҷониби муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода, сардори раёсати нақлиёти рӯйи замини Фаррух Неъматзода ва муовини Агентии авиатсияи граждани назди Ҳукумати ҶТ Азиз Набизода вобаста ба мушкилоти ҷойдошта дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва авиатсияи гражданӣ маълумот дода шуда, ҷиҳати аз байн бурдани онҳо пешнињодҳои зарурӣ манзур гардиданд. Аз ҷумла, пешниҳод карда шуд, ки дар миќёси кишварҳои аъзои Барнома сертификати ягонаи баркашии воситаи нақлиёти автомобилӣ рўи кор оварда шавад, муҳлати будубоши ронандагони байналмилалӣ дар ҳудуди кишварҳо, ки имрӯзҳо дар ҳар давлат ҳаргуна аст, ягона карда шавад.

Намояндаи ТРАСЕКА Асет Асавбаев низ дар навбати худ, миннатдории Барномаро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд баён намуда, қайд намуд, ки бо мақсади мусоидат дар рушди долонҳои нақлиётии Барнома, васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли байналмилалӣ дар минтақаҳо, содагардонии раванди интиқол ва гузариш аз сарҳадот пешниҳодҳои манзургардида мавриди омӯзиш қарор дода шуда, Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА кӯшиш менамояд, то ин ки барои татбиқи амалии онҳо чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.  

Ҳамзамон, дар доираи сафар, мулоқот бо роҳбари Ассотсиатсияи АВВАТ Шокиров Муҳамадалӣ ва ташриф аз гузаргоҳи сарҳадии Дустӣ-Сари Осиё (бо хатсайри Душанбе-Турсунзода) сурат гирифт.