• Tajik
  • Русский
  • English

Имрӯз Муовини вазир - Худоёров Х.З. бо мумайизи лоиҳаи «LOGMOS» оид ба соҳаи логистика ва нақлиёти мултимодалӣ, ҷаноби Георгий Доборджгинидзе мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои сохтмони терминали логистикӣ дар Минтақаи Озоди Иқтисодии Панҷи Поён, ҷалби сармоягузорон барои сохтмони лоиҳаи мазкур ва инчунин, оид ба рушди сохтмони терминалҳои нави боркашонӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.