• Tajik
  • Русский
  • English

  Санаи 9 июли соли 2021, бо ташаббуси Шӯрои тиҷоратии ИМА ва Тоҷикистон вохўрии маҷозии муштараки намояндагони вазоратҳои нақлиёти кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мавзӯи: “Пайвастагӣ ва рушди инфрасохтори минтақавӣ: Бунёди долон миёни Шарқ ва Ғарб” баргузор гардид.

  Дар вохӯрии мазкур Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим иштирок ва суханронӣ намуда, аз дастовардҳои соҳаи нақлиёт дар давраи истиқлолияти давлатӣ, лоиҳаҳои амалишудаистода ва нақшаҳои ояндаи кишвар дар самти таъмини рушди соҳаи нақлиёт дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ёдовар шуд. 

  Дар ин замина, намояндагони кишварҳои иштирокчӣ, бонкҳои сармоягузор ва бахши тиҷоратӣ масъалаи вусъатбахшии ҳамкориҳои судманд, таъмини пайвастагии боэътимоди шабакаҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, фароҳамсозии шароитҳои мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии бор, бунёди долонҳои нав ва ғайраҳоро  муҳокима намуданд.

  Ҳамзамон масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ширкатҳои тиҷоратии ИМА дар самти табодули таҷрибаи пешрафта, бунёди марказҳои логистикӣ, пайвасти шабакаҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ғарб, ҷорӣ намудани системаи муосири рақамикунонӣ дар соҳаи нақлиёт ва мусоидат дар рушди туризм дар минтақа, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор  дода шуд.