• Tajik
  • Русский
  • English

    Санаи 28 майи соли 2021 вохўрии намояндагони Вазоратҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он масоили тавсеа ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёт, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири нақлиёт - Шоиста Саидмуродзода ва ҳайати Ӯзбекистонро муовини вазири нақлиёт Абдусамат Муминов роҳбарӣ карданд.

   Зимни вохўрӣ аз ҷониби ҳайатҳо, лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Оид ба транзити борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ӯзбекистон” ва масъалаҳои марбут ба барқарорсозии хатсайрҳои байналмилалии мусофирбарӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо риояи талаботҳои зиддиэпидемиологӣ, барқарор кардани интиқоли транзити мол тавассути роҳи оҳан дар қитъаи "Бекобод-Истиқлол-Бекобод", лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан дар қитаи "Панҷакент (Тоҷикистон) – истгоҳи Булунғур / истгоҳи Ҷамбой /истгоҳи заводи  (Ӯзбекистон)", ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣ барои мутахассисони соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар  Ӯзбекистон ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.

     Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаи барқарор намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тавассути гузаргоҳи сарҳади давлатии        “«Патар   – Андархон”-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

     Дар натиҷа, бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда протоколи дахлдор  ба имзо расид.