• Tajik
  • Русский
  • English

  Санаи 8 июни соли 2021 вохўрии намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо мақсади иштирок дар Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе қарор доштанд, баргузор гардид.

  Зимни вохурӣ, ҷонибҳо масъалаи вусъатбахшии корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми нақби “Истиқлол”-ро, ки пудратчии лоиҳа Ширкати “Фароб”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, мавриди муҳокима қарор доданд. Вобаста ба ин ҷонибҳо иброз намуданд, ки вақт ва шароти мусоидро ғанимат шуморида, барои татбиқи босифат ва самараноки лоиҳа дар ҳамбастагӣ чораҳои заруриро меандешанд.

  Инчунин,  масоили тавсеа ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, фаъолгардонии долонҳои нақлиётӣ, зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ, ки манбаҳои асосии мусоидат ба рушди иқтисодии кишварҳо ва маҳсуб меёбанд, мавриди барррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.