• Tajik
  • Русский
  • English

   Санаи 30 апрели соли 2021 вохӯрии арзи адаби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон – Эмре Зеки Карагёл доир гардид.

   Зимни вохурӣ ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ибрози назар намуда, қайд намуданд, ки минбаъд низ ҷиҳати боз ҳам густариши ҳамкориҳо ва мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Туркия чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард.

    Вохӯрӣ дар фазои дӯстона  баргузор гардид.