• Tajik
  • Русский
  • English

    Санаи 19 майи соли 2021 вохӯрии арзи адаби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон – Мишел Тарран доир гардид.

  Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда,  қайд намуданд, ки ҷиҳати боз ҳам густариши ҳамкориҳо ва мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Фаронса чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард. 

    Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти  рушди соҳаи логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати омӯзиши масъалаи мазкур дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ва ширкатҳои хусусии кишварҳо ба мувофиқа расиданд.