• Tajik
  • Русский
  • English

   Рӯзи 12-уми январи соли 2017 вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон Сафири Белорус дар Тоҷикистон О. Н. Ивановро барои шиносоӣ ва мулоқот ба ҳузур пазируфт.

 Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба муҳокимаи баъзе масоили доир ба ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Белорус пардохтанд. Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи дастрас намудани автобусҳои Белорус ва техникаҳои роҳдорӣ тавассути лизинг муҳокима намуданд.

Сафир ёдовар гашт, ки ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон самарабахш хоҳанд буд ва ҷониби Белорус кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то ин ҳамкориҳоро боз ҳам қавитар гардонад ва дар ин замина техникаҳои дорои сифати аълоро пешниҳод хоҳад намуд.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар вохӯрии оянда, ки ҳафтаи оянда баргузор мегардад, масъалаҳои ҳамкорӣ муфассалтар ҳаллу фасл хоҳанд гашт.