• Tajik
  • Русский
  • English

Вохўрӣ бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ 

Рўзи 25-уми ноябри соли равон Вазири нақлиёти кишвар бо роҳбари навтаъиншудаи Бонки Умумиҷаҳонӣ Чжун Ен О вохўрӣ багузор намуд. Дар вохўрӣ ҳамчунин муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб, сардорони Раёсатҳои Вазорат ва номояндагон Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон иштрок намуданд.

Ҷонибҳо масъалаи «Беҳтарсозии роҳҳои минтақавӣ дар Осиёи Миёна» БРМОМ -2 (Таҷдиди роҳи автомобилгарди Исфара - Хуҷанд) ва «Беҳтарсозии роҳҳои минтақавӣ дар Осиёи Миёна» БРМОМ-4 ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Худоёрзода Худоёр хонум Чжен Ен О барои таъйн шудан ба ин вазифа табрик намуда, ба ӯ дар корҳои минбаъдааш мувафақият таманно намуд. Пас аз шиносоӣ вазири нақлиёт аз ҳамкориҳо бо ин бонк изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуд. Ӯ гуфт дар бисёр лоиҳаҳои мо саҳми Бонки Умумиҷаҳонӣ хеле бузург аст. Аз ҷумла, лоиҳаи калонтарини мо таҷдиди роҳи автомобилгарди Исфара-Хуҷандро бонки мазкур маблағгузорӣ мекунад, ки ин роҳ дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дорад.  Мо бо роҳбари пешин Кардула Рустамова ҳамкории зич доштем ва мутмаинем, бо шумо низ чунин ҳамкориҳо идома меёбанд.

Хонум Чжун Ен О аз пазирои ба вазири нақлиёт изҳори минатдорӣ баён намуда, ҳайати навтаиншударо ба ҳозирин шинос кард ва ба вазири нақлиёт ваъда дод, ки мо ҳама тайёрем, ки бо Вазорати нақлиёт ҳакорӣ намоем. Мутмаинам, ки баъд аз ин ҳамкориҳо боз ҳам зичтар ба роҳ монда мешаванд.

Ӯ қайд кард, ки барои мо аз ҳама муҳим он аст, ки лоиҳаҳо бо сифати баланд сохта  ба талабот ҷавобгӯ бошанд.