• Tajik
  • Русский
  • English

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 18 - уми сентябри соли равон ҳайати намонядагони Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии муовини аввали Вазир И. Маҳкамовро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи нақлиёту роҳро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда  мубодилаи афкор намуданд.

Азим Иброҳим суханро аз дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз намуда, аз таҳкими ҳамкорӣ ва дӯстии минбаъда изҳори боварӣ намуд.

Дар мулоқот   масоили интиқоли бемайлони бору мусофир миёни ду давлати дӯсту бародар баррасӣ гардиданд. Бахусус, масоили афзун намудани интиқоли бор миёни давлатҳо, ҳамкориҳо дар соҳаи роҳи оҳан ва кушодани ҳатсайрҳои нав дар роҳҳои автомобилгард, низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Вазир изҳор дошт, ки маълум аст, ки вазъи моҳҳои охир, даврони дар пондемия қарор доштани кулли ҷаҳон бори дигар моро водор сохт, ки  нақлиёти автомобилӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар кишвар мавқеи хоса дорад. Аз ин хотир бояд дар густариши ҳамкориҳо дар ин самт низ боз ҳам бештар талош намоем.

Ҷонибҳо баҳри пешравии ҳамкориҳо фикру дархостҳои судманд пешниҳод намуданд.