• Tajik
  • Русский
  • English

Кормандони Вазорати нақлиёт ва корхонаву муассисаҳои зерсохтори он бо роҳбарии вазири нақлиёт Азим Иброҳим рӯзи 16 – уми декабр дар шафати роҳи автомобилгарди Душанбе – Ваҳдат, дар кӯчаи Айни, и ноҳияи Шоҳмансур ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонданд. Ин иқдом ҷиҳати дастгирии пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти кишварамон роҳандозӣ гардид. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар марҳилаи аввал аз ҷониби Вазорати нақлиёт қариб 1000 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ шинонда шуда, Вазорат дар корҳои ободониву созандагӣ минбаъд низ ҳиссагузорӣ хоҳад кард.

Вазири нақлиёт ба ҳамаи корхонаҳои маҷмааи нақлиёту роҳ ҳамчунин дастур дод, ки дар амалӣ намудани иқдомоти Пешвои миллат дар ободониву хуррамгардонии кишвар саҳмгузор бошанду ободониро аз коргоҳу муассисаҳо оғоз намоянд.