• Tajik
  • Русский
  • English

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳамзамон раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар Комиссияи байниҳукуматии долони нақлиётии Аврупо – Қофқоз - Осиё  (ТРАСЕКА) таъин гардид.

Номзадии вазири нақлиёт ба ҳайси раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар ТРАСЕКА бо дарназардошти тағйироти кадрӣ дар Вазорати нақлиёт аз ҷониби Сарвазири кишвар пешниҳод гардида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ин пешниҳод  ҷонибдорӣ ёфт.

 Таъиноти Азим Иброҳимро ба ин вазифа табрик мегӯем ва барояш муваффақият таманно дорем.