• Tajik
  • Русский
  • English

     Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ ба ғолибоне, ки дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ аз номи вазорат ширкат намуда, ғолиб омаданд, арзи сипос намуда, ба онҳо мукофотҳо супурд.

   Барои ишғоли ҷойи якум дар мусобиқаи варзишӣ оид ба  «Тенниси рўимизӣ» байни кормандони вазорату идораҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилов Ҷамшед – корманди Хадамоти боркашонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»,  бо диплом сарфароз  гардидааст.

   Ҳамчунин Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дастаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар мусобиқаи «Тенниси рўимизӣ» байни кормандони вазорату идораҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири нақлиёт ба раиси Шўрои ҷавонони вазорат супурд ва ба ҳамаи онҳое, ки дар корҳои ҷамъиятӣ саҳмгузорӣ мекунанд, изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки ҷавононро Сарвари давлат нерўи пешбарандаи ҷомеа номидаанд ва бояд, ки дар ҳақиқат шумо баҳри пешрафти кор ҳиссагузор бошед, зеро ояндаи халқу миллат дар дасти шумост. Вазир афзуд, ки агар шумо, ҷавонон, аз тамоми қобилиятатон барои рушди соҳа  истифода карда, фаъолият кунед, роҳбарият ҳамеша ҷонибдори шумост ва дар ҳар кор шуморо дастгирӣ хоҳад кард.