• Tajik
  • Русский
  • English

Ширкати ҳавопаймоии миллии ҶСК «Тоҷик Эйр» баҳри зиёд намудани хатсайрҳо ба самтҳои мухталифи дунё ҳамарӯза ҷаҳд дорад. Аз ин ҷост, ки оғоз аз моҳи октябри соли равон шумораи хатсайр ба самти Алмаато зиёд мегардад.
Кунун ширкати ҳавопаймоии мазкур дар як ҳафта ду бор, рӯзҳои панҷшанбе аз Душанбе ба Алмаато ва рӯзҳои душанбе тавассути хатсайри Хуҷанд - Душанбе - Алмаато парвозҳоро иҷро менамояд. Вақти парвоз аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба Фурудгоҳи Душанбе соати 7:00 ва аз Фурудгоҳи Душанбе ба самти Алмаато соати 10:00 муайян гардидааст. Нархи билет барои хатсайри Душанбе - Алмаато 100 евро ва барои хатсайри Хуҷанд- Душанбе- Алмаато ҳамагй 120 евроро ташкил медиҳад.
Дар назар аст, ки парвози нахустини иловагӣ 5- уми октябри соли равон иҷро мегардад.