• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳафтаи гузашта дар Вазорати нақлиёти ҶТ  бо иштироки муовини якуми вазири нақлиёт Раҳим Бобозода ва кормандони маҷмааи нақлиёт ҷаласаи Ситоди фаврӣ оид ба омодагии соҳаи нақлиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳозирин рафти иҷрои қарори Ҷукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 ”Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷаласаро муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Бобозода оғоз намуда, сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ  Укуматшо Ақсақолов оид ба рафти иҷрои бандҳои дахлдори қарори мазкур ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ахборот дод.

Раҳим Бобозода роҳбарони МД “ИХРА”-ҳои вилояту минтақаҳоро оид ба ҳолати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 пурсон шуда, аз рафти ғанигардонии суратҳисобҳои махсуси МДНРА-ҳо, иҷрои корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ нигаронӣ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор доданд.