• Tajik
  • Русский
  • English

  Cанаи 14 июни  соли 2021 дар бинои Вазорат вохӯрии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо машваратчии ширкати  ҷопонии CTI Engineering Co.ltd Рёхей Ватанабе ва намояндагони ширкати Пудратчӣ Dai Nippon Construction  оид ба оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа-Бохтар” шоҳроҳи “Душанбе – Бохтар”  баргузор гардид.

  Дар оғоз Вазири нақлиёт барои дастгириҳои беғаразона, ҷиҳати таъмини рушди соҳаи нақлиёти кишвар изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон ҳамкориҳои хеле зичу судманд дорад ва қисми аъзами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тарафҳо ба соҳаи нақлиёт рост меояд.

   Қайд карда шуд, ки тибқи қарордоди ба имзо расонидашуда бо ширкати Пудратчӣ дар доираи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа-Бохтар” сохтмону барқарорсозии 9,2 км роҳ бо таҷдиди ду хатти амалкунанда ба чор хатти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар муҳлати 22 моҳ пешбинӣ шудааст.

  Машваратчии ширкати CTI Engineering Co.ltd зимни мулоҳизарониҳои худ қайд намуд, ки ширкати машваратӣ омода аст хизматрасониҳои худро ҷиҳати таъмини босифати иҷрои корҳо дар доираи қарордоди ба имзо расонидашуда, дар якҷоягӣ бо ширкати Пудратчӣ “Даи Ниппон” анҷом диҳад.

  Вазири нақлиёт аз тасмимгирии Тарафи Ҷопон ҷиҳати татбиқи лоиҳа изҳори сипос намуда иброз намуд, ки бо мақсади самаранок истифода бурдани маблағҳои пешбинишуда ва бо назардошти он ки ширкати мазкур таҷрибаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои маҳаллиро дорад ва дар вазъияте, ки хатари бемории коронавирус то ҳол аз байн нарафтааст пешниҳод карда мешавад, ки татбиқи лоиҳа бо ҷалби ширкатҳои таҷрибадор ва ҳирфаии роҳсози маҳаллӣ амалӣ гардад. Зеро  дар вазъияти пандемия интиқоли техникаю таҷҳизотҳо аз Ҷопон ба Тоҷикистон ва хароҷотҳои вобаста ба ин равандро метавон тариқи ҷалби имкониятҳои дохилӣ сарфа намуд.

  Машваратчии Ширкати Пудратчӣ қайд намуд, ки масъалаи мазкурро ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор медиҳанд ва хулосаи худро вобаста ба ин пешниҳод менамоянд.

  Тарафҳо бе шак ва бо боварии комил изҳор намуданд, ки лоиҳа  бо  сифати баланд ва дар муҳлати муаяншуда татбиқ ва мавриди истифода қарор мегирад.