• Tajik
  • Русский
  • English

   Оид ба масъалаи тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ Олӣ дар Вазорати нақлиёти кишвар бо иштироки роҳбарияти вазорат, роҳбарони раёсату корхонаҳои дахлдор рӯзи 13-уми январ ҷаласа доир гардид.

   Ҷаласаро муовини вазири нақлиёт Зулфия Ёрова ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти Паём дар пешрафти кори соҳа, нуктаҳои муҳими баррасиёфта дар бораи маҷмааи роҳу нақлиёт ва дар амал татбиқ намудани Паём маърӯза кард.

  Сипас сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ Шоиста Саидмуродова Нақша - чорабиниҳои Вазорати нақлиёт оид ба амалӣ намудани Паёмро ба саҳми ҳозирин расонд. Қайд гардид, ки аз 69 банди супоришии Паёми имсола иҷрои 8 банди он ба вазорати нақлиёти кишвар вогузор шудааст ва онҳо бояд мувофиқи нақшаи корӣ марҳила ба марҳила дар амал татбиқ шаванд.

  Сипас, сардори Мудирияти корхонаҳои сохташаванда Абдумаҷид Шарифов, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт Нуриниссо Бобоева, мутахассисони ҷавони вазорат Умедҷон Шералиев ва Шамшод Бобоазиззода оид ба паҳлуҳои дигари Паём, сухан карданд.