• Tajik
  • Русский
  • English

Паёми Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи якҷояи Парлумони кишвар  рӯзи 26-уми декабри соли 2019 ироа гардида буд, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии аҳли ҷомеаи мо нақши мондагор гузошта барои тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ дастурамали фаъолият гардид. Ба хотири ташвиқ, шарҳу тавзеҳ ва фаҳмондадиҳии моҳияти Паёми мазкур байни оммаи васеъи кишрҳои ҷамъият, Маркази стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамали Маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба унвони “ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” мураттаб намудааст, ки ташреҳи он 24-уми январи соли равон дар Вазорати нақлиёти ҶТ бо иштироки вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр ва кормандони дастгоҳи Вазорати нақлиёт гузаронида шуд.

Сипас муовини вазири нақлиёт Саидмуродзода Шоиста нўктаҳое, ки дар бораи соҳаи нақлиёт дар Паёми имсола аз тарафи Пешвои миллат гуфта шудаанд, шарҳ дод.

Сипас кормандони Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони роҳу нақлиёти ҶТ Нуринисо Бобоева, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёт Сайфулло Қодиров ва сардори КВД “Плин” Лутфулло Исмоилзода низ оид ба рукнҳои асосии паёми Пешвои миллат сухан карданд.   

Гулинаи Ватаншо.